Гузориши матбуотӣ ба санаи 01.12.2023
Рафти ҷамъоварии ҳосили пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Тибқи маълумоти Раёсати растанипарварӣ то санаи 01.11.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ аз аввали мавсим ба миқдори 391734 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он дар вилояти Суғд 110860 тонна, Хатлон 276135 тонна ва НТҶ 4734 тоннаро ташкил дода, ҷамъоварӣ бо маром идома дорад.
Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 306655 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шуд.
Ба ҳолати 01.12.2023 майдони 306576 гектар даравида, 306576 гектар куфта шуд, ки ҳосили умумӣ 955188 тонна ва ҳосилнокӣ 31,2 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти шудгор ва кишти тирамоҳию барвақтии зироатҳои кишоварзӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.12.2023 кишоварзони ҷумҳурӣ майдони 215923 гектарро шудгор намуда, дар майдони 149016 гектар кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтиро гузарониданд, ки ғалладонагиҳо 135700 гектар, картошкаи барвақтӣ 21,6 гектар, сабзавоти барвақтӣ 13295 гектар, аз он пиёз 9658 гектар, сабзӣ 1734 гектар, карам 758 гектар ва дигар сабзавотҳо 1145 гектарро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони умумии 33524 гектар картошка кишт карда шудааст. Ба ҳолати 01.12.2023 майдони ҷамъоваришуда 33524 гектар буда, ҳосили умумӣ 799946 тонна ва ҳосилнокӣ 239 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар майдони 41239 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Ба ҳолати 01.12.2023 майдони ҷамъоваришуда 41239 гектар буда, ҳосили умумӣ 1322232 тонна ва ҳосилнокӣ 321 сентнерро ташкил медиҳад. Аз он пиёз 622192 тонна, карам 47791 тонна, помидор 248299 тонна, бодиринг 119212 тонна, сабзӣ 137140 тонна ва дигар намуди сабзавотҳо 147597 тонна мебошад.
Рафти ҷамъоварии полизиҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 19514 гектар полизӣ кишт карда шудааст. Ба ҳолати 01.12.2023 майдони ҷамъоваришуда 19514 гектар буда, ҳосили умумӣ 640968 тонна ва ҳосилнокӣ 328 сентнерро ташкил медиҳад.
Рафти ҷамъоварии меваю ангур
Ба ҳолати 01.12.2023 мевагиҳои ҷамъоваришуда 458921 тоннаро ташкил медиҳад. Аз он ангур 84962 тонна мебошад.
Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар анборхонаҳо
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар анборхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.12.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 675037 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.
Аз он мевагӣ 11311 тонна - себ 10592 тонна, нок 259 тонна, дигар мевагиҳо 460 тонна, ангур 3168 тонна, картошка 176580 тонна, сабзавот ҳамагӣ 394385 тонна, аз он сабзӣ 9969 тонна, пиёз 381589 тоннаро ташкил медиҳад.
Ғалладонагиҳо ҳамагӣ 86766 тонна, аз он гандум 72790 тонна ва шолӣ 13976 тонна мебошад.
Захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо
Мувофиқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ оид ба захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 01.12.2023 ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 10231 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира карда шудааст.
Аз он мевагӣ 4304 тонна - себ 4231 тонна, 73 тонна биҳӣ, ангур 1723 тонна, картошка 1876 тонна, сабзавот ҳамагӣ 2328 тонна, аз он сабзӣ 148 тонна, пиёз 1490 тонна ва дигар маҳсулотҳо 650 тоннаро ташкил медиҳад.
Фаъолияти гармхонаҳо
Ба ҳолати 01.12.2023 мувофиқи маълумоти фаврӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҷумҳурӣ 950 адад гармхонаҳо фаъолият менамоянд, ки майдони умумиашон 166 гектарро ташкил медиҳад.
Дар майдони 55,7 гектар кишти сабзавот, аз ҷумла помидор 21,3 гектар, бодиринг 11,8 гектар ва дар майдони 22,7 гектар дигар намуди сабзавотҳо гузаронида шудааст.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 235-38-63, 235-39-23.