Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ
Санаи 05 декабри соли равон мулоқоти мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Фрауке Юнгблют ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, тезонидани бунёди марказҳои агрологистикӣ, пешгирии тағйиёбии иқлим, хушксолӣ ва ба он мутобиқ намудани зироатҳо, инчунин дастгириҳо дар самти илм аз ҷумла дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содиротро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ба намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва амалисозии лоиҳаҳои минбаъда изҳори сипос намуданд.
Мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Фрауке Юнгблют ва роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимлӣ ҳавасмандии Бонки ҷаҳониро ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии лоиҳаҳову барномаҳоибрози назар намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон