Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.12.2023 779

Санаи 05 декабри соли ҷорӣ Вазири кишоварии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён ба ҳузур пазируфтанд.
Тарафҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд ва дар амал татбиқ намудани муқарраротҳои “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, аз ҷумла дар соҳаи тухмипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, ҷалби инноватсияи Эрон дар самти бастубанди маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон