Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоИштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубай

Иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Дубай

10.12.2023 823

Санаи 10 декабри соли равон дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Миллати Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР 28) баргузор гардид.
Дар кори Конфронс Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар суханронӣ оид ба пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим, энергияи сабз, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба мавзӯи Конфронс ҳарф заданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон