Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Федератсияи Россия

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Федератсияи Россия

19.12.2023 880

Санаи 18 декабри соли 2023 дар шаҳри Москва дар ҳошияи Ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Патрушев Дмитрий Николаевич баргузор гардид.
Дар доираи мулоқот тарафҳо масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзиро баррасӣ намуда, барои тақвияти ҳамкориҳо доир ба масъалаи воридоти тухмии офтобпараст, тухмии лаблабуи қанд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти моҳии форел ба Федератсияи Россия изҳори омодагӣ намуданд.
Инчунин дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба масъалаи бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кормандони соҳаи кишоварзӣ дар заминаи донишгоҳҳои аграрии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Ҳамзамон барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи сифати ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ «Харитаи роҳ» доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон