Аёдати тарбиятгирандагони Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон
27.12.2023 655
Бахшида ба соли нави мелодӣ санаи 26 декабри соли равон аёдати тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии таълимии “Мактаб интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон” аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба роҳ монда шуд.
Дар аёдат муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо, Раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо устодон ва тарбиятгирандагонро аз номи роҳбарияти Вазорат бо фарорасии Соли нав табрику муборакбод намуд.
Мавриди зикр аст, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо пайваста ба муассисаи мазкур кӯмакҳои зарурӣ мерасонад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон