Мулоқоти Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо аҳли кормандон
30.12.2023 688
Санаи 29 декабри соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо аҳли ҷомаи меҳнатии дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаву ташкилотҳои тобеи вазроат баргузор гардид.
Дар мулоқот Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ҳарф заданд. Қайд гардид, ки вобаста ба дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат мо кишоварзонро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти босифат ва иҷрои яке аз ҳафадҳои стратегии мамлакат-таъмини анияти озуқаворӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Инчунин кулли кормандони соҳа ва кишоварзонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар пешгузошта ва расидан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ таманниётҳои некро иброз карданд.
Ҳамзамон дар мулоқот Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон мудири бахши бойторӣ ва зотпарварӣ Исоев Искандарро барои расидан ба синни ниҳоии нафақа дар хизмати давлатӣ муборакбод намуда, барои фаъолияти пурсамар дар соҳа изҳори сипос баён карданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон