Паёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон ба муносибати Соли нави мелодии 2024
30.12.2023 822
Ҳамватанон ва кишоварзони азиз!
Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024 табрику муборакбод менамоям.
Боз як соли азму субот ва бурдбориҳо ба охир расида, дар саҳифаи таърих сабт гардид ва мо бо ҳазорон орзую таманниёти нек соли нави мелодии 2024-ро пешвоз мегирем ва қадамашро хайру ҳумоюн медонем.
Чун анъана ҳар ҷомеа бо фарорасии Соли нави мелодӣ ба саргузашти яксолаи хеш назар афканда, падидаҳои муҳимро таҳлилу баррасӣ менамояд ва хулоса мебарорад, ки соли рафта чӣ нақше аз худ ба ёдгор гузошт ва дар китоби ҳастии миллат чиҳо нигошт.
Агар ба роҳи сипарикардаи мардуми кишвари соҳибистиқлоламон назар афканем, возеҳу равшан мебинем, ки соли 2023 соли бобарори татбиқи сиёсати созандагию бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардуми мо буд.
Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлоли мо дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ қадамҳои устувор ба пеш гузошт. Бо дастур ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати созандагию бунёдкорӣ собитқадамона дар амал татбиқ гардида, тараққиёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба зинаҳои нави пешрафт расид.
Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегӣ – таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва рушди соҳа тамоми кишоварзони ҷумҳурӣ саҳми арзандаи хешро гузоштанд.
Маврид ба ёдоварист, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи кишоварзиро дар мадди назар гузошта аз афзоиши истеҳсоли қариб ҳамма намуди маҳсулоти кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ин аз саҳми назаррасу хизмати шабонарӯзии аҳли заҳмат ва кулли кишоварзони мамлакат шаҳодат медиҳанд.
Агар ба нишондодҳои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозем, воқеан ҳам Пешвои муаззами миллат ба натиҷаҳои назарраси соҳаи кишоварзӣ дар соли 2023 баҳои арзанда дода ба кулли кишоварзони ҷумҳурӣ барои дастовардҳои баланд изҳори минатдорӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла таъкид намуданд, ки дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полизӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.
Воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.
Воридоти шир бошад ниҳоят кам ба қайд гирифта шудааст.
Яъне ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст.
Сарвари давлат вобаста ба афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар солҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки соли 2023 таъминот бо маҳсулоти асосии озуқавории истеҳсоли ватанӣ дар кишвар ба 85 фоиз расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 2,5 баробар зиёд мебошад.
Истеҳсоли картошка (122 фоизи талабот), сабзавот (174 фоиз), пиёз (527 фоиз), сабзӣ (360 фоиз), полезӣ (312 фоиз), гӯшту шир (100 – фоизӣ) барзиёд аз меъёри истеъмолӣ таъмин гардидааст.
Яъне имрӯз кишвари мо бо ин намудҳои маҳсулоти озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ пурра таъмин мебошад.
Барои заҳмати софдилона, ки аз нишондиҳандаҳои зикршуда ва фаровонии бозори истеъмолӣ ба хубӣ маълум аст, ба ҳамаи кишоварзони мамлакат миннатдории самимии худро баён менамоям».
Ин баҳои арзанда ва изҳори самимии Пешвои муаззами миллат мо кишоварзони мамлакатро водор менамояд, ки аз ҳарвакта дида бештар кору фаъолият намоем, дар иҷрои кору вазифа масъулиятшинос бошем ва ҳар як порча замини зархези Тоҷикистони азизамонро мақсадноку самаранок истифода бурда, истеҳсоли ҳама намуди маҳсулотро аз нақша зиёд иҷро намоем ва дар таъмини сабади истеъмолии мардум, дастархони пурнозу неъмати аҳолӣ саҳм гузорем ва дар содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешем.
Мо ба соли нави мелодии 2024 қадам гузошта, чун анъана дар назди худ вазифаҳои нав мегузорем, корҳои зиёди ободонию бунёдкорӣ ва созандагиро оғоз кардаем ва амалӣ гардидани онҳоро маҳаки асосии фаъолияти кории худ қарор дода умедворем, ки онҳоро дар муҳлатҳои муқарраршуда бо сари баланд ба анҷом мерасонем.
Соли нави мелодии 2024 муборак бошад, кишоварзони азиз.