Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоШӯрои техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

05.01.2024 1 226

       Санаи 3-юми январи соли ҷорӣ дар толори вазорат ҷаласаи Шӯрои техникии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори Шӯро муовинони Вазири кишоварзӣ, намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, роҳбарияту кормандони масъули Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣва роҳбарони зерсохторҳои вазорат иштирок намуданд.

Сараввал муовини вазир Нигина Анварӣ иштирочиёни ҷаласаро хайрамақдам гуфта, суханро барои пешниҳоди ҳисоботи муфассал оид ба татбиқи қисматҳои лоиҳа аз корҳои иҷрогардида дар соли сипаригардида ба муовини директори Муассисаи давлатии“ Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣҚурбонов Боймурод дод.

Пас аз музокираи масъалаҳо аз ҷониби ҳозирин оид ба харидории навбатии тухмиҳои хушсифат, техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, таъмир ва сохтмони иншоотҳои банақшагирифтаи муассиса суолҳо пешниҳод карда шуд, ки ба саволҳои пешниҳодгардида аз ҷониби масъулин ҷавобҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон