ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СОЛИ 2023
09.01.2024 1 441
Санаи 9 январи соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид.
Дар ҳайати мушовара муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои алоҳида, сарраёсати ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуд.
Нахуст маърӯзаи муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар соли 2023 шунида шуд.
Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Дар соли ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 63028,4 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,0 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 43365,7 млн. сомонӣ ё 106,8 фоиз ва чорвопарварӣ 19662,7 млн. сомонӣ ё 114,1 фоизро ташкил дод. Нисбати дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар соли ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 9027,1 млн сомонӣ ё 1,8 фоиз зиёд гардида ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 24,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1754,9 ҳазор тонна, пахта 344,4 ҳазор тонна, картошка 1144,9 ҳазор тонна, сабзавот 3026,2 ҳазор тонна, полизӣ 1009,9 ҳазор тонна, мевагиҳо 664,3 ҳазор тонна, ангур 190,4 ҳазор тонна, гӯшт 398,0 ҳазор тонна (аз ҷумла гӯшти паранда 55,4 ҳазор тонна), шир 1118,5 ҳазор тонна, тухм 1223,7 ҳазор дона, пашм 8755 тонна, пилла 223 тонна, асал 4697 тонна ва истеҳсоли моҳӣ ба 5454 тонна баробар гардид.
Бояд тазаккур дод ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022, №370 «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025» дар соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дурнамои истеҳсоли ғалладонагиҳо 1671,2 ҳазор тонна, пахта 429,6 ҳазор тонна, картошка 1112,1 ҳазор тонна, сабзавот 2665,2 ҳазор тонна, полизӣ 854,7 ҳазор тонна, мева 500,2 ҳазор тонна, ангур 281 ҳазор тонна, гушт 355,1 ҳазор тонна, шир 1092,3 ҳазор тонна, тухм 1209,1 млн дона, пашм 8388 тонна, моҳӣ 5806 тонна, асал 4774 тонна пешбинӣ гардидааст, ки ҷиҳати иҷрои дурнамо бо истифодаи самараноки имкониятҳои соҳа тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли ғалладона ба 1754,9 ҳазор тонна расонида шуда, иҷрои дурнамои пешбинигардида 105 фоиз, пахта 344,4 ҳазор тонна 85,1 фоиз, картошка 1144,9 ҳазор тонна 102,9 фоиз, сабзавот 3026,2 ҳазор тонна ё 113,5 фоиз, полизӣ 1009,9 ҳазор тонна ё 118,1 фоиз, меваҷот 664,3 ҳазор тонна ё 132,8 фоиз, ангур 190,4 тонна ҳазор тонна ё 67,7 фоиз, гушт 398,1 ҳазор тонна ё 112,1 фоиз, шир 1118,5 ҳазор тонна ё 102,3 фоиз, тухм 1223,7 млн. дона ё 101,2 фоиз, пашм 8755 тонна ё 104,4 фоиз, моҳӣ 5454 тонна ё 93,9 фоиз ва асал 4697 тонна ё 98,4 фоиз таъмин карда шуд.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ барои иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру супоришҳо дод.
Инчунин дар кори ҳайати мушовара 56 нафар шахсоне, ки солҳои қабл барои рушди соҳаи чорводорӣ ва офаридани зоту типҳои нав, хусусан, типи аспи тоҷикӣ, занбӯриасал, чорвои сиёҳ ало, чорвои гуштӣ ва типи шаҳринавии гусфандони ҳисорӣ саҳм гузоштаанд Шаҳодатномаи муаллифӣ супорида шуд.
Ҳамзамон барои ҳавасмандгардонии 10 нафар шахсоне, ки давоми соли 2023 рисолаи докторӣ ва рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд, мукофотҳои пулӣ барои рисолаи докторӣ 10000 сомонӣ ва барои рисолаи номзадӣ 5000 сомонӣ супорида шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон