Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоҶашни Сада таҷлил карда мешавад!

Ҷашни Сада таҷлил карда мешавад!

19.01.2024 1 028

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 оид ба таҷлили “Иди Сада ва баргузории намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ масъул буда, тасмим гирифтааст, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо санаи 28 январи соли 2024 дар “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе “Иди Сада ва баргузории намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ-ро баргузор намояд.

Барои иштирок сокинон ва меҳмононро даъват менамоем.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон