Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоИштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии «Ҳафтаи сабз-2024»

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии «Ҳафтаи сабз-2024»

20.01.2024 748

Санаи 18 январи соли 2024 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон дар маросимии ифтитоҳи расмии Форуми ҷаҳонӣ оид ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии «Ҳафтаи сабз-2024», ки дар шаҳри Берлини Олмон иштирок намуданд.
Форуми ҷаҳонӣ ва Намоишгоҳи байналмилалии мазкур ҳамасола бо мақсади чораҷуии саривақтӣ ҷиҳати рафъи гуруснагӣ ва бенавоӣ дар сайёра, мутобиқ намудани системаҳои озуқаворӣ барои оянда ва татбиқи афзалиятҳои Рӯзномаи 2030 ташкил карда мешавад.
Соли 2024 дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум ҳудуди 2000 сиёсатмадор, олимон, тоҷирони муваффақ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар Намоишгоҳ зиёда аз 100 кишвари сайёра бо мақсади муаррифии имконияту иқтидорҳои соҳаи гуногуни иқтисодиёти худ бо такя ба принсипҳои сабз ва истеҳсоли маҳсулоти органикӣ иштирок менамоянд.
Бо такя ба афзалиятҳои намоишгоҳ дар макони Намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулотҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, инчунин маҳсулотҳои ширкатҳои ватанӣ, ба монанди: «Сиёма», «Мармарӣ», «Абркос ва компания», «Тути помир», «Фабрикаи қаннодии ширин», «Амирӣ», Ассотситсияи зардолупарварони Ашт ва Исфара, «Капител», «Сатн», «АРВИС», «Ҷавонӣ» нигораҳои аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон, ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳӣ намоиш ва муаррифӣ мегарданд.
Дар баробари ин, санаи 18 январи соли 2024 пас аз ифтитоҳи расмии чорабиниҳои мазкур мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ, намояндагони ширкатҳои BayWa, IFPRI ва дигар шахсони расмӣ анҷом дода шуд.
Дар доираи мулоқотҳо масъалаҳои таҳкими таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзӣ, рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани инноватсия бо такя ба таҷрибаҳои муосир, тағйирёбии иқлим, масъалаҳои экология, рушди сабз, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ ва дигар афзалиятҳои соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардиданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон