Паёми табрикии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба муносибати Ҷашни Сада
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии яке аз ойинҳои бостонии мардуми куҳанбунёдамон – ҷашни Сада самимона табрик мегӯям.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои нав эҳё ва таҷлил намоянд. Ҷашнҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Сада бозтоби пайванди инсону табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзӣ ва ҳунармандӣ буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ, моҳият ва муҳтавои онҳоро инъикос менамоянд.
Вобаста ба ин, дар замони истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни бостонии Сада мақоми расмӣ гирифт ва бо ташаббуси мамлакати мо 6-уми декабр соли 2023 дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси ғайримоддии ЮНЕСКО “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шуд.
Бо шомил шудани ҷашни Сада ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳои ҳавзаи ориёӣ ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо хоҳад намуд.
Аз навиштаҳои пажӯҳишгарони ҷашни Сада бармеояд, ки Сада ҳамрадифи ҷашнҳои миллӣ буда, ба ҳеҷ қавму дин иртибот надорад. Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон иртибот доштааст. Бояд гуфт, ки моҳиятан Сада чун иди мавсимӣ бо табиат пайвандии ногусастанӣ дошта, гардиш ба сӯи баҳори нав, яъне пешомади онро ифода менамояд.
Мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст ва фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ наздик аст. Дар робита ба ин, эҳёи беҳтарин расму ойинҳои гузашта ва мутобиқ сохтани онҳо ба арзишҳои маънавии имрӯза дар шароити торафт вусъат гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ худогоҳии таърихӣ ва ҳувияти миллии моро мукаммалу устувор менамояд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки ҷашни Сада аз давраи пайдоиш ва рушди пешаи кишоварзӣ моҳияти иҷтимоиву иқтисодӣ пайдо карда, ба яке аз василаҳои таблиғу ташвиқи корҳои деҳқониву боғдорӣ табдил ёфтааст. Бо ҳамин сабаб, кишоварзон ин ойини бостониро бештар аз дигар табақаҳои мардум гиромӣ медоранд ва шояд омили то замони мо зинда мондани Сада маҳз марди деҳқон бошад. Дар робита ба ин мо ҷашни Садаро ба ҳайси маросими кишоварзону боғдорон ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ойини сирф мардумӣ таҷлил менамоем ва дар таблиғи ғояҳои неку моҳияти арзишманди он, аз қабили садоқат ба Ватан, осоишу ваҳдати инсонҳо, дӯст доштани табиат ва заҳмат ба хотири баракату фаровонӣ саъю талош меварзем. Бинобар ин, ба кишоварзони мо дар ин айём зарур аст, ки тухмии хушсифати зироатҳо ва ниҳолҳоро омода намуда, корҳои яхобмонӣ, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо ва дарахтон, яъне тайёрии ҳаматарафа ба киштукори баҳориро ба анҷом расонанд ва барои ҳосили фаровон замина гузоранд. Бовар дорам, ки дар шароити бисёр мураккаби ҷаҳони муосир, вобаста ба таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳони муосир бавуҷудомада ва канда шудани занҷираи анъанавии таҳвили молу маҳсулот, афзоиши аҳолӣ, инчунин, бар асари тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои манфии он – хушксолии пайиҳам ва камобӣ, аз ҷумла дар минтақаи мо талабот ба об ва маҳсулоти кишоварзӣ моро водор менамояд, ки ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааҳои агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Хотирнишон менамоям, ки ҳамаи он пешравиҳое, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кишоварзон баён намуданд, маҳз бо заҳмати содиқонаву софдилона ва азму талоши ватандӯстонаи Шумо кишоварзон ба даст омадаанд.
Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки ободу сарсабз гардонидани табиати кишвар, гулгашту кӯчаҳо, тозаву озода кардани хонаву кошона ва маҳалли зист, низ аз ҷумлаи суннатҳои ҷашни Сада ба ҳисоб рафта, итминон дорам, ки мардуми кишоварз ин ойинҳои некро ҳамчун мероси гаронбаҳои миллӣ идома ва густариш мебахшанд.
Бори дигар ҷашни бостонии Садаро ба ҳамватанони азиз ва хурду бузурги Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо бахту саодат, баракату фаровонӣ ва шодиву нишот орзу менамоям.
Сиҳатманду сарбаланд бошед!
Ҷашни бостонии Сада муборак, ҳамватанони азиз!