Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТаҷлили бошукуҳи Ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе

Таҷлили бошукуҳи Ҷашни Сада дар шаҳри Душанбе

28.01.2024 781

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллӣ ва расму оинҳои суннатии бостонӣ аз нав эҳё гардида,басо рамзист, ки 6-уми декабр соли 2023 дар ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатии мероси ғайримоддии ЮНЕСКО “Ҷашни Сада” ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил шуд.
Cанаи 28 январи соли равон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар Муассисиаи давлатии “Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе "Иди Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ" баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдулло, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, роҳбарону намояндагони вазоратҳо, кумитаҳо, агентиҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, муассисаву ташкилотҳои зерсохтори вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кишоварзон ва меҳмонону сокинони пойтахт иштирок намуданд.
Дар намоишгоҳ ҳамаи дастранҷи марди деҳқон, ҳамагуна олотҳои кории кишоварзӣ, кӯчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, навъҳои гуногуни тухмиҳои баландсифати дорои сертификат, техникаю мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, оҳангариву гаҷкорӣ, хумҳои қадима, пешниҳоди лоиҳаҳои хурду бузург тавассути макетҳо, намоиши дастовардҳои соҳаи чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯрпарварӣ, дастур ва китобҳои гуногуни методӣ барои кишоварзону чорводорон, барои пешгирӣ аз ҳар гуна касаливу ҳашаротҳои зараррасон намоиши заҳрдоруҳои гуногуни бо олотҳои дорупошӣ ва камераҳои фумигатсионӣ, намоиши таъомҳои миллии ба ҷашн хос ва ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, кулолгариву табақтарошӣ, оҳангариву кашидадузӣ, намудҳои гуногуни варзиш ва дигар дастовардҳое, ки ифодагари Ҷашни Сада мебошад, пешкаши ҳозирин намуданд. Дар ҳар гӯшаи боғ чорабиниҳои фарҳангӣ, рақсу бозӣ, гулханафрӯзиву таронахонӣ ба намоиш гузошта шуда буд, ки ба ҷашнвора ҳусну таровати тоза зам менамуд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ба муносибати Ҷашни Сада ироа намуд.
Иди Сада ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав ва омодагии соҳа ба кишту кори баҳорӣ буда, пешқадамони соҳа аз рӯи номинатсияҳои гуногун аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдулло ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҷашнвораи мазкур шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, фаровонҳосилии заҳмати кишоварзон, шодию нишот, ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва эҳёи анъанаҳои миллӣ дарак медод ва бо барномаи фарҳангии хоса ба итмом расид.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон