Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳои соҳавӣ бармеоянд, ба роҳ монда, бо мақсади татбиқи сиёсати аграрӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи захираву имкониятҳои мавҷуда, зиёд намудани нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ ва тақвият бахшидан ба иқтидори содиротии кишвар як қатор корҳои муҳимро ба сомон расонд. Вазорати кишоварзӣ инчунин дар соли сипаригардида бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар баробари амалигардонии ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ бо мақсади таъмини самараноки рушди бахшҳои гуногуни соҳа як қатор барномаҳоро қабул ва амалӣ намуд, ки ин дар маҷмуъ ба пойдор гардидани амнияти озуқвории мамлакат мусоидат кард.
Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар соли ҳисоботӣ захираҳои зиёди моддию молиявӣ равона гардиданд, инчунин имтиёзҳои зиёди андозиву гумрукӣ муқаррар карда шуданд, ки ба пешрафти умумии соҳа мусоидат намуданд. Дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшуда боиси ташкилёбии корхонаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ, хусусан корхонаҳои парандапарварӣ, рушди соҳаҳои боғутокпарварӣ, сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва соҳаҳои дигар гардиданд.
Амалигардонии ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқавории мамлакат тавассути татбиқи 8 консепсия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ имкон дод, ки рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ҳамчун тавлидкунандаи маҳсулоти ғизоии босифат ва ба рақобат тобовари бас одирот нигаронидашуда таъмин гардида, дар натиҷаи ин ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шаванд.
Тавассути бемайлон фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар комплекси агросаноатӣ теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ 176 ҳазор адад ва шумораи кормандони соҳа 1664,5 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,4 фоиз зиёд мебошад.
Афзоиш ва ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ
Дар соли ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 63028,4 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109,0 фоиз зиёд мебошад, аз он ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 43365,7 млн. сомонӣ ё 106,8 фоиз ва чорвопарварӣ 19662,7 млн. сомонӣ ё 114,1 фоизро ташкил дод. Нисбати дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар соли ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 9027,1 млн сомонӣ ё 1,8 фоиз зиёд гардида ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёда аз 24,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1754,9 ҳазор тонна, картошка 1144,9 ҳазор тонна, сабзавот 3026,2 ҳазор тонна, полизӣ 1009,9 ҳазор тонна, мевагиҳо 664,3 ҳазор тонна, ангур 190,4 ҳазор тонна, гӯшт 398,0 ҳазор тонна (аз ҷумла гӯшти паранда 55,4 ҳазор тонна), шир 1118,5 ҳазор тонна, тухм 1223,7 млн. дона, пашм 8755 тонна, пилла 223 тонна, асал 4697 тонна ва истеҳсоли моҳӣ ба 5454 тонна баробар гардид. Инчунин дар хоҷагиҳои пахтапарвари ҷумҳурӣ 411,9 ҳазор тонна пахта истеҳсол гардида ба корхонаҳои коркарди пахта 344,4 ҳазор тонна супорида шудааст.
Истеҳсоли картошка 4,6 фоиз, сабзавот 11,5 фоиз, полизӣ 19,9 фоиз, мева 129,7 фоиз, гӯшт 14,5 фоиз (аз ҷумла гӯшти паранда 14,0 фоиз), шир 5,1 фоиз, тухм 1,0 фоиз, пашм 4,5 фоиз, асал 2,9 фоиз ва моҳӣ 14,9 фоиз зиёд гардида, истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 100 фоиз, пахта ба 85,1 фоиз ва ангур ба 63,2 фоизи соли 2022 баробар мебошад.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра маблағи 246,6 млн. долларро ташкилдод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,3 млн доллар ё 0,9 фоиз кам шудааст. Аз рӯи ҳаҷм бошад, 287 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,7 ҳазор тонна ё 5,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар ҳаҷми умумии содирот, нахи пахта 109,2 ҳазор тонна (38,0 фоиз), сабзавот 60,7 ҳазор тонна (21,1 фоиз), аз ҷумла пиёз 59,7 ҳазор тонна (20,8 фоиз), меваҷот 27,7 ҳазор тонна (9,6 фоиз) аз ҷумла ангур 9,9 ҳазор тонна (3,4 фоиз), меваи хушк 83,3 ҳазор тонна (29,0 фоиз) ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 5,9 ҳазор тонна 2,1 фоизро ташкил медиҳад.
Маҳсулоти кишоварзӣ зиёда ба 22 давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки аз он 93,1 фоиз ба давлатҳои ИДМ ва 6,9 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд.
Самти растанипарварӣ
Соҳаи растанипарварӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми намоён дошта, дар соли сипаригашта ҳиссаи маҳсулоти растанипарварӣ 68,8 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ташкил дод. Аз он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 65,3 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 34,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати руёнидани маҳсулоти растанипарварӣ истифодаи самараноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ, интихоби кишт ва парвариши зироатҳо дар асоси тавсияҳои илмии олимону мутахассисон ба роҳ монда шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ (мувофиқи маълумоти 4-кишоварз) кишти зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 861,4 ҳазор гектар гузаронида шудааст, ки ки нисбат ба соли 2022-ум 1,7 ҳазор гектар ва нисбат ба дурнамо нишондиҳандаҳои соҳа 800 гектар зиёд мебошад.
Аз замини умумии киштшуда зироатҳои ғалладонагӣ 392,6 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 202,6 ҳазор гектар, картошка 55,5 ҳазор гектар, сабзавот 73,2 ҳазор гектар, полизӣ 22,6 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 114,7 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Нисбат ба соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ кишти зироатҳои ғалладонагӣ 2,1 ҳазор гектар, сабзавот 3,3 ҳазор гектар, полизӣ 1,9 ҳазор гектар зиёд кишт гардидааст.
Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ кишти ғалладонагиҳоро дар майдони 306,9 ҳазор гектар гузаронида дурнамои пешбинигардидаро 113,9 фоиз, зироатҳои техникӣ 198,3 ҳазор гектар ё 92,7 фоиз (аз он пахта 175,6 ҳазор гектар ё 94,4 фоиз), картошка 30,4 ҳазор гектар ё 76 фоиз, сабзавот 41,2 ҳазор гектар ё 100 фоиз, полизӣ 19,5 ҳазор гектар ё 104,2 фоиз ва зироатҳои хӯроки чорво 35,2 ҳазор гектар ё 158 фоиз таъмин намуданд.
Ҳамзамон барои самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дурнамои кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар майдони 98 ҳазор гектар пешбинӣ гардида буд, ки нисбат ба дурнамои пешбинигардида дар маҷмӯъ кишти такрорӣ 18,6 ҳазор гектар зиёд буда, иҷрои дурнамо 119 фоиз таъмин карда шуд.
Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар баробари ҳосил аз кишти асосӣ, аз ҳисоби кишти такрорӣ ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёгиҳо 120544 тонна, ҷуворимакка барои дон 172617 тонна, шолӣ 65876 тонна, картошка 10877 тонна, сабзавот 440388 тонна ва полизӣ 146320 тонна ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ғалладонагиҳо ва лубиёгиҳо 4362 тонна ё 3,8 фоиз, ҷуворимакка барои дон 39855 тонна ё 30 фоиз, шолӣ 9522 тонна ё 16,9 фоиз, сабзавот 7839 тонна ё 1,8 фоиз ва полизӣ 20874 тонна ё 16,6 фоиз зиёд мебошад.
Рушди тухмипарварӣ
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №117 “Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” қабул гардид ва Фармоиши Вазорати кишоварзӣ аз 12.05.2021, №70 оид ба Нақшаи чорабиниҳои Барнома ба тавсиб расид.
Маблағи умумии Барнома 20070,0 ҳазор сомонӣ ташкил медиҳад, аз он 4532,0 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои буҷет ва 15547,0 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои ғайрибуҷетӣ мебошад.
Бо қарори Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба минтақабобкунии навъҳои растанӣ соли ҷорӣ 10 навъи ҳосилнокиашон баланду ояндадор ва ба тағйирёбии иқлим устувор, аз он ҷумла 2 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи пешпаз “Данғара-30”ва“Қубодиён-30”, 2 навъи пахтаи миёнанахи гурӯҳи миёнапаз “Чжунтай-1” ва “Чжунтай-2”, 1 навъи гандум “Султон-3”, 1 навъи нахуд “Баҳор”, 1 навъи мушунг “Ҳисории пешпазак”, 1 навъи офтобпараст “Самаранок-40”, 1 навъи ҷуворимакка “Басирӣ”, 1 навъи батат “Шоҳин” минтақабоб карда шудаанд.
Дар соли 2023 54 навъу 1 дурагаи зироатҳои кишоварзӣ, 8 навъи дарахтони мевадиҳанда ва 3 дурагаи кирмаки пилла тибқи нақшаи корӣ дар 12-стансия ва 1-қитъаи давлатии навъсанҷӣ мавриди санҷиши расмӣ қарор дода шуданд.
Бо дарназардошти таъсири рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза ба амнияти озуқавории минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, болоравии нархи тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ вазорат ҷиҳати иҷрои Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9.12.2022, №100-Ф барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии хурд аз ҳисоби маблағҳои грантии ҷалбшудаи Бонки Осиёии Рушд тухмии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла нахуд 54 тонна, лӯбиё 35,7 тонна, мош 71,4 тонна, наск 35,7 тонна, юнучқа 44,4 тонна ва картошкаи тухмӣ 1542 тонна харидори намуда, ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ дастрас намуд.
Дар доираи маблағгузории иловагии Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои кишти соли 2024 тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, аз қабили гандум 600 тонна, картошка 1225 тонна, ҷуворимакка 100 тонна, нахуд 96,8 тонна, зағири равғандиҳанда 58 тонна, пиёз 8,4 тонна, бодиринг 900 кг, помидор 120 кг ва нуриҳои минералӣ 5409 тонна ба хоҷагиҳои деҳқонии осебпазир, бахусус хоҷагиҳои деҳқоние, ки занон роҳбарӣ мекунанд, дастрас карда шуд.
Ҳамзамон, барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта вазорат дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, ки дар ҳамкори бо Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст, барои кишти соли 2023 ба миқдори 150 тонна чигити тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Лодос” 105 тонна, “Перла С” 30 тонна, “Аря” 15 тонна, 530 тонна картошкаи тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гала” 400 тонна, “Кроне” 130 тонна ва 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харидорӣ намуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас намуд.
Ҳамчунин, маврид ба қайдаст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ҳосили соли 2024 дар доираи лоиҳаи мазкур гандуми тухмии гурӯҳи элита навъҳои “Гром” 150 тонна, “Алексеич” 200 тонна, “Тимирязевка 150” 150 тонна ва нуриҳои минералӣ 1250 тонна харидорӣ гардида, барои такористеҳсолкунии тухмӣ ба хоҷагиҳо тақсим гардид.
Ҳамзамон, дар марҳилаи аввал ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ як қатор техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, аз қабили 20 адад испорҳо, 15 адад нармкунакҳо, 13 адад тухмипошакҳои пахта, 13 адад тухмипошакҳои ғалладонагиҳо, 4 адад тухмитозакунак, 15 адад картошкаканак, 15 адад картошкашинонак, 2 адад заминҳамворкунак, 4 адад пахтатозакунак ва 4 адад тойбанди пахта ва инчунин мошинолотҳои кишоварзӣ барои хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ дастрас гардид.
Дар марҳилаи дуюми тақсимот санаи 22 декабри соли равон ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва зерсохторҳои вазорати кишоварзӣ, аз ҷумла ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ 20 адад трактор, 4 адад испорҳои тракторӣ, 7 адад ядак, ба Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” 9 адад трактор, КВДҶХН “Тоҷикниҳолпарвар” 11 адад тракторҳои калон, 13 адад тракторҳои хурд ва 23 адад мошинолот ва таҷҳизоти кишоварзӣ, ба Муассисаи давлатии “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ” 14 адад трактор, инчунин бухоркунандаи гардиши вакумӣ, рефрактометри универсалӣ, спектрофотометри УФ Вид, спектрометри ИК-Фурье ва барои пешгирии саривақтии мубориза бар зидди зараррасону касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзорҳо 10 тонна заҳрдоруҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” супорида шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тухмии ғалладонагиҳо 55231,4 тонна захира гардидааст, аз он 48060,8 тонна гандум, 1130,3 тонна шолӣ, дигар ғалладонагиҳо 5094,1 тонна, лӯбиёгиҳо 946,2 тонна, ҷуворимакка 1351,5 тонна, картошка 71559,3 тонна, сабзавот 52 тонна ва чигити тухмӣ 13680 захира гардидааст. Айни замон захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ идома дорад.
Рафти бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёви бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор
Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар тибқи маълумоти оморӣ (ба 01.01.2024) хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 895 гектар боғ ва 117 гектар токзор бунёд намуданд, дар майдони 1300 гектар боғу токзори кӯҳна барқарор карда шуд, ки аз он боғ 996 гектар ва токзор 304 гектарро ташкил медиҳад.
Бо мақсади рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз ба роҳ монда шуда, ба харидорон бо нархҳои дастрас пешниҳод карда шуд. Барои таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо ниҳолҳои хушсифати мевадиҳанда, ороишию сояафкан ва ҳамешасабз хоҷагиҳои ниҳолпарварии КВД“Тоҷикниҳолпарвар” якҷо бо иҷоракорон дар мавсими ниҳол фурӯшӣ ниҳолҳои гуногунро ба хоҷагиҳо бо нархҳои дастрас пешкаш намуданд. Айни замон барои мавсими солҳои 2023-2024 аз ҷониби КВД “Тоҷикниҳолпарвар” 1353917 бех ниҳол ба фуруш омода намудааст.
Рӯёнидани ҳосили ба талаботи бозори истеъмолӣ ва содирот ҷавобгӯ аз сари вақт гузаронидани чорабиниҳои агротехникӣ вобастагӣ дошта, бо ин мақсад дар байни қаторҳо дар майдони 3753 гектар, буридани навдаҳо дар майдони 3828 гектар, обмонӣ дар майдони 822 гектар ва коркарди кимиёвии тирамоҳӣ дар майдони 2288 гектар гузаронида шудааст.
Бо мақсади расонидани кумакҳои машваратӣ ба хоҷагиҳои боғпарвар оид ба сари вақт гузаронидани чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зарарасонҳои боғу токзор, аз ҷумла 26-27 майи соли 2023 дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон семинар- машварат дар мавзӯи “Эмин нигоҳ доштани боғу токзорҳо ва зироатҳои ғалладонагӣ аз зараррасону касалиҳо", санаи 12-15 июли соли 2023 дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод ва Сангвор семинар – машварат дар мавзӯи “Эмин нигоҳ доштани боғу токзорҳо ва зироати картошка аз ҳашаротҳо ва касалиҳо” дар шаҳри Турсунзода семинар – машварат дар мавзӯи “Эмин нигоҳ доштани зироатҳои сабзавотӣ махсусан помидор аз ҳашаротҳо ва касалиҳо”, дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодоми вилояти Суғд санаи 8-10 июни соли 2023 семинар–машварат дар мавзӯи “Пешгирии зарарроварии ҳашаротҳо ва касалиҳои боғҳои зардолу” бо иштироки деҳқонон ва мутахассисони соҳа баргузор карда шуд.
Мувофиқи маълумоти фаврии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ майдони умумии паҳнгаштаи зараррасонҳо 123145 гектар мушоҳида гардида, дар майдони 129021 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд.
Мувофиқи маълумоти ҷамъбастӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муқобили зараррасонҳо ҳамагӣ дар майдони 34893 гектар ҳашаротҳои фоидаовар истифода бурда шуд, ки аз он габрабракон дар майдони 12182 гектар, трихограмма дар майдони 15605 гектар ва тиллочашмак дар майдони 7106 гектар гузошта шудааст.
Чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ
Бо мақсади пешгирии сарвақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах Ситоди ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ таъсис дода шуда, ҷаласаҳо доир карда шуд. Барои пешгирӣ ва ҷиҳати аз зарароварии малах эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ ба миқдори 30180 литр заҳрдору, 45455 литр сӯзишворӣ, 5 адад автомашинаи обкаш, 5 адад микроавтобуси мусофиркаш барои кормандони масимӣ, 5 адад дорупошаки автомобилӣ, 210 адад рахти хоб ва 10 адад ҳуҷраи оббозӣ ба шаҳру ноҳияҳо барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах дастрас карда шудааст.
Дар мавсими соли 2023 барои муташаккилона ва сари вақт гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах аз ҷониби Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” ва филиалҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 727 адад техникаву таҷҳизот ва зиёда аз 600 нафар қувваи кории мавсимӣ сафарбар карда шуданд.
Дар натиҷаи сари вақт гузаронидани чорабиниҳо бар зидди малах дар ҷумҳурӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор ва чарогоҳҳо дар майдони умумии 285073 гектар, ба маблағи 1 161 303 079 сомонӣ, эмин нигоҳ дошта шуд.
Дар доираи Лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани мубориза бар зидди малах (марҳилаи 2)» барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах 5 адад автомашинаи обкашонии ғунҷоишаш 6400 литр, 5 адад автомашинаи мусофиркаш барои коргарони мавсимӣ, 12 адад ҳуҷраи оббозӣ (душкабина) ва 343 адад рахти хоб дастрас карда шуд.
Аз ҳисоби амалисозии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” 1 адад автомашинаи сабукрави RAY-4, 5 адад дорупошаки автомобилӣ ва 15000 литр заҳрдору дастрас карда шуд. Бо мақсади расонидани кӯмаки машваратӣ аз ҷониби мутахассион ва олимони соҳа дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор “Дастурамал дар бораи муайян намудани меъёрҳои истифодабарии техника ва қувваи корӣ (аз ҷумла корҳои дастӣ) барои 1 га замин барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ” ва “Харитаи технологии парвариши зироатҳои кишоварзӣ” таҳия ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод карда шуд.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Кишоварзони мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза аз ҳисоби гармхонаҳои доимоамалкунандаю мавсимӣ 20 ҳазортоннасабзавотитарутозаҷамъоварӣ намуда ба бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ пешниҳод намуданд.
Самти чорводорӣ
Самти чорводорӣ дар соли сипаригашта 31,2 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро ташкил дода, дар он ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар ин давра дар маҳсулоти чорводорӣ 3745,0 млн сомонӣ ё 19,0 фоиз ва ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 15917,7 млн сомонӣ ё 81,0 фоизро ташкил медиҳад.
Рушди соҳаи чорводорӣ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, бо андешидани чораҳои судманд тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ саршумори чорвои калон ба 2661,2 ҳазор сар аз он модагов 1380,8 ҳазор сар, қутос 27,2 ҳазор сар, гӯсфанду буз 6660,1 ҳазор сар, асп 87,4 ҳазор сар, занбӯри асал 266,1 ҳазор оила ва саршумори паранда ба 10579,9 ҳазор сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, саршумори чорвои калон 108,1 ҳазор сар, аз он модагов 64,6 ҳазор сар, қутос 439 сар, гӯсфанду буз 342,9 ҳазор сар, асп 1,8 ҳазор сар, занбӯри асал 2,8 ҳазор оила зиёд ва паранда 706,3 ҳазор сар кам гардидааст.
Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 176571 сар чорвои калон, аз он модагов 52569 сар, қутос 7232 сар, гӯсфанду буз 1195238 сар, асп 22976 сар, занбӯри асал 26240 оила ва 6932220 сар паранда парвариш ёфта истодааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, саршумори чорвои калон 2722 сар, аз он модагов 2359 сар, қутос 163 сар, гӯсфанду буз 54290 сар, асп 488 сар, занбӯри асал 549 оила зиёд ва паранда 805070 сар кам мебошад.
Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи наслгирии чорвои майда фармоиши вазорат аз 26.01.2023, №12 ба тасвиб расида, гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 688264 сар гӯсола ва 2671782 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта гӯсола 28044 сар ва барраву бузғола 173119 сар зиёд мебошад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.03.2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» фармоиши Вазорат аз 20.04.2023, №51 ба тасвиб расида, Ситод таъсис дода шудааст. Мутобиқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ 2739078 тонна хӯроки дурушт ва 92836 тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст. Захираи хӯроки чорво ба як сар чорвои шартӣ 20,2 сентнер воҳиди хурокаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 0,5 сентнер воҳиди хӯрока зиёд аст.
Парандапарварӣ
Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Аз рӯи маълумоти КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” айни замон дар ҷумҳурӣ 228 адад корхонаҳои парандапарварӣ фаъолият намуда истодаанд, ки нисбати соли гузашта 10 адад зиёд мебошад. Аз ин 101 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухм, 113 адад корхона ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухму гушти паранда ва 6 адад корхонаҳо ба истеҳсоли тухми инкубатсионӣ, чӯҷаи якрӯза ва тухми истеҳсолӣ машғул мебошанд.
Аз ҷумла, дар вилояти Суғд 6 адад корхонаи нави парандапарварӣ аз қабили ҶДММ “Мурғи Бебаҳо”, ҶДММ “Ганҷи Сомон”-и шаҳри Гулистон, ҶДММ“Анко-Инвест”-и ноҳияи Б.Ғафуров, ҶДММ “Некбахт”- ноҳияи Мастчоҳ, ҶДММ “Корвони паранда”-и ноҳияи Ҷ.Расулов ва ҶДММ “Тухми Соф”-и шаҳри Истаравшан (тухмӣ), дар вилояти Хатлон 4 адад корхонаи нави парандапарварӣ: ҶДММ “Танвин”, ҶДММ “Сақо” дар ноҳияи Кушониён ба истеҳсоли гӯшти паранда, дар шаҳри Левакант ҶДММ “Парандаи хушзот” ба истеҳсоли тухми паранда ва дар ноҳияи Н.Хусрав ҶДММ “ҲоҷӣҲасан” ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки самти фаъолияташон асосан истеҳсоли гӯшти паранда мебошад.
Аз шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 132 адад ба вилояти Суғд, 33 адад ба вилояти Хатлон ва 63 адад ба шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мансуб мебошад.
Дар соли 2023 бо мақсади таъмини бозори истеъмолии мамлакат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 55,3 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 113,8 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли тухм дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1223,7 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 млн дона зиёд мебошад.
Занбӯриасалпарварӣ
Соҳаи занбӯрпарварӣ низ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 266,7 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, дар ин давра 4697 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта миқдори оилаҳои занбӯри асал 2,8 ҳазор оила ва истеҳсоли асал 132 тонна зиёд мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки санаи 20 июни соли 2023 дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон аввалин маротиба Семинар намоиши занбӯрпарварони ҷумҳурӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар зиёд аз 60 тонна асали молӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба марази намоиш ва фурӯш гузошта шуд. Дар семинари мазкур зиёда аз 260 нафар занбӯрпарварони ҷумҳурӣ ва дигар олимони соҳа ва ходимони илмии институтҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рушди соҳаи моҳипарварӣ
Бо рушди соҳаи моҳипарварӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ ба 384 адад расонида шудааст, ки тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ 5454 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 12 адад ва истеҳсоли моҳӣ 708 тонна ё 14,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар ноҳияи Ҷ.Расулов низ марҳилаи дуюми ҳавзҳои парвариши гулмоҳи аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Корпоратсияи моҳии тоҷик” дар масоҳати 1 гектар ташкил гардида, дар онҳо парвариши 100 ҳазор моҳича ба роҳ монда шуд.
Самти техникаи кишоварзӣ
Кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз мавҷуд ва омодагии техника вобастагӣ дошта, тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 27731 адад тракторҳо, аз он 1472 адад тракторҳои шудгоркунанда ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки дар гузаронидани корҳои саҳроӣ васеъ истифода гардида истодааст.
Барои беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаҳои кишоварзӣ тибқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2023 ба ҷумҳурӣ 2726 техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ворид карда шуд, ки нисбати соли 2022 773 адад зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба ҷумҳурӣ 271 адад тракторҳо, 2 адад мошинҳои кӯчатшинонӣ, 145 адад ядакҳои тракторӣ, 154 адад испорҳои тракторӣ, 64 адад кулухмайдакунакҳо (фреза), 40 адад нармкунакҳо, 18 адад нурипошакҳо, 3 адад картошкаканакҳо, 20 адад картошкашинонак, 116 адад алафдаравакҳо, 15 адад тухмипошакҳои пахта (зери плёнка), 98 адад достҳо барои тракторҳои хурди дастӣ (жатка), 1 адад дискмола, 4 адад дости комбайнҳои ғалладаравӣ, 6 адад тухмипошакҳои кишти дақиқ, 4 ададғаллатозакунакҳо, 4 адад мошини чигиттозакунӣ ва 25 адад алафҷамъкунакҳо зиёд ворид гардид.
Ҷиҳати расонидани кӯмакиамалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар рафти гузаронидани кишт ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 85 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шуда, фаъолият намуда истодаанд. Аз ин миқдор марказҳои хизматрасонии техникӣ 60 ададашро КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-и Вазорати кишоварзӣ дар соли ҷорӣ ба 465 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 160 адад трактори гуногунтамға ва 376 адад мошинолоти кишоварзӣ ба маблағи 45524424 сомонӣ бо тариқи иҷори молиявӣ (лизингӣ) дастрас карда шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи кормандон, мутахассисон ва муҳандис-нозирони вилоятиву ноҳиявии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ корхонаву хоҷагиҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Дар соли 2023 ба 6980 нафар, ки аз курсҳои кутоҳмуддатӣ механизаторӣ гузаштанд, шаҳодатномаи “механизатор-мошинист” дода шуд.
Аз рӯи нақшаи корӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон” 12 корҳои озмоишӣ анҷом дода шуд.
Дастовардҳои илмии самти кишоварзӣ
Олимони муассисаҳои илмии Академия дар соли 2023 доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 9 нахустпатент, 24 шаҳодатномаи муаллифии ихтироъкорӣ, 7 шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерӣ, 3 қарор барои додани нахустпатент, 3 хабарнома барои натиҷаи мусбии экспертизаи расмӣ, 5 арзнома, 3 ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, 10 шаҳодатномаи сифати тухмӣ ва 3 шаҳодатномаи мушаххас-кунандаи навъи ниҳол гардиданд.
Инчунин типи гови сергӯшти тоҷикӣ ва типи “Шаҳринавӣ”-и зоти гӯсфанди ҳисорӣ бо Қарори маҷлиси ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми апрели соли 2023, №1/2 ва №1/3 тасдиқ гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 4 рисолаи докторӣ, 15 рисолаи номзадию докторант PhD ва 36 рисолаи магистрӣ дифоъ гардида, 22 нафар докторант PhD хатм намуд. Бо мақсади афзун намудани кадрҳои илмӣ дар соли 2023 дар маҷмуъ 6 нафар унвонҷӯй, 26 магистр ва 30 докторант PhD қабул карда шуд. Ҳоло маҷмуъ дар бахшҳои магистратура - 49 нафар, докторантура PhD - 72 ва унвонҷӯй - 47 нафар ба таҳсил машғуланд.
Бо ташаббуси муассисаҳои илмии Академия ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ 92 чорабинии мақсаднок гузаронида шуд. Аз ҷумла 3 конференсияи байналмилалӣ, 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 семинари ҷумҳуриявӣ, 2 конференсияи минтақавӣ, 27 семинари минтақавӣ, 40 рӯзи саҳроӣ, 4 рӯзи фермерӣ ва 10 мизи мудаввар, гузаронида шуд.
Олимони муассисаҳои илмии Академия дар соли 2023 оид ба масъалаҳои рӯзмарраи рушди соҳаи кишоварзӣ 578 кори илмӣ, аз он ҷумла 11 китоб, 6 монография, 1 китобча, 40 тавсияномаву дастур, 7 маҷалла, 17 буклет, 4 варақаи таблиғотӣ ва 492 мақолаи илмӣ аз чоп бароварда, тавсияҳои мушаххасро ба деҳқонону мутахассисон пешниҳод намуданд.
Тайёркунии мутахассисони баландпоя дар самти кишоварзӣ
Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ нақши муассир дошта, барои таълиму тарбияи донишҷӯён зиёда аз 380 нафар устод, аз он 6 академики АИКТ, 2 узви вобастаи АМИТ, 5 узви вобастаи АИКТ, 42 нафар доктори илм, 51 нафар профессор ва 131 нафар номзади илм сафарбар гардиданд.
Дар соли ҷорӣ донишгоҳро 1259 нафар (1175 нафар бакалавр, 84 нафар мутахассис) хатм намуданд, ки аз ин 415 нафар буҷавӣ, 807 нафар шартномавӣ ва 37 нафар тибқи квотаи Президентӣ мебошанд. Ҳамзамон 45 нафар магистр ва 11 нафар доктор аз рӯйи ихтисоси PhD низ донишгоҳро хатм намуданд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани Аттестатсияи хатм раёсати донишгоҳ бо ҳамаи хатмкунандагон вохӯриҳо гузаронид. Дар соли 2023 аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 19 китоби дарсӣ, 160 дастури методӣ, 15 монография, 21 тавсиянома ва дар 12 маҷмуи мақолаҳои конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 184, 3 ҷузъи чопӣ (2949 саҳифа) иборат аз 810 мақолаҳи илмӣ, дар 4 шумораи маҷаллаи “Кишоварз” 256 мақолаи илмӣ ва дар дигар маҷаллаҳои илмӣ зиёда аз 423 мақола, ки аз ин 8 маҷаллаҳои скопус ба чоп расонида шуданд.
Дар соли 2023, дар донишгоҳ 20 чорабинии илмӣ, аз ҷумла 3 конференсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ, 9 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ, 4 мизи муддавар, 3 семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ ва 1 семинари минтақавӣ гузаронида шуданд, зиёда аз 1000 нафар омӯзгорон, докторантони (PhD), унвонҷӯёну магистрон ва донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд
Дар назди донишгоҳ 4 Шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 3 Шурои диссертатсионии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 Шурои диссертатсионии тобеи КОА-и Федератсияи Россия аз рӯйи 2 ихтисос мебошад. Дар назди ин шуроҳо 26 нафар рисолаҳои худро ҳимоя намуданд, ки аз онҳо 3 нафар рисолаи докторӣ, 2 нафар доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос ва 21 нафар рисолаҳои номзадӣ мебошанд, ки аз онҳо 6 нафар омӯзгорони донишгоҳанд.
Таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа
Баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа аз ҷониби вазорат дар соли 2023 як қатор лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти фаъолият, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030”, “Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва “Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабулгардида, мавриди амал қарор доранд.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти фаъолияти вазорат, аз ҷумла лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2009, №413», «Дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ», “Дар бораи Тартиби ба Маркази миллии захираҳои генетикӣ супурдани намунаҳои коллексияи захираҳои генетикии дараҷаи сеюм ҳангоми барҳам ва (ё) тағйирдоданисамтифаъолиятишахсиҳуқуқӣ” “Дар бораи Тартиби бақайдгирии давлатии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошанд ва ҳамчун асос барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешбурди истеҳсолоти кишоварзӣ ба ҳисоб мераванд” фармоишҳои вазорат «Дар бораи Дастурамал дар бораи муайян намудани меъёрҳои истифодабарии техника ва қувваи корӣ (аз ҷумла корҳои дастӣ) барои як гектар замин барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ», «Дар бораи Дастурамал оид ба муайян намудани тартиб, меъёри ғунҷоиши чорво ва мӯҳлати истифодабарии чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ» таҳия ва тибқи тартиб қабул карда шуда, мавриди амал қарор доранд.
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи қисмҳои эҳтиётӣ ва маҳсулоти такмилии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда, ки воридот ва таҳвили минбаъдаи он аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда намешаванд» таҳия гардида, тибқи тартиб пас аз мувофиқа бо вазорату идораҳо дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиби дар ҳолатҳои таъсири офатҳои табиӣ аз ҳисоб баровардан ва решакан кардани боғҳои модарӣ ва маводи киштшаванда”, “Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳо қарор дорад.
Ҳамзамон, соли 2023 ҳисоботи Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №117 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №386 «Дар бораи Барномаи амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» шунида шуд.
Самти ҷалби сармоя ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи кишоварзӣ
Барои рушди соҳаи кишоварзӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ва аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази идораи “Лоиҳаи чорводорӣ ва чарогоҳҳо” лоиҳаҳои “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа”, “Дастгирии ғизои мактабӣ” ва “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+” амалӣ гардида истодааст, ки татбиқи самараноки лоиҳаҳо таҳти назорати доимии вазорат қарор дорад.
Бояд қайд намуд, ки бо мақсади дастгирии соҳаи кишоварзӣ ва рафъи ҳолатҳои буҳронии пас аз пандемияи КОВИД-19 бавуҷудомада, дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» омода гардида, ҳадафи он беҳтар намудани низоми тухмипарварӣ, бунёд ва азнавбарқароркунии инфрасохтори кишоварзӣ (бунёди марказҳои таксимоти яклухт, лабораторияҳо, гармхонаҳои муосир, анборҳои муосири нигоҳдорӣ), инчунин таҳкми базаи моддию техникиии ташкилотҳои зертобеи вазорат, муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур мебошад. Дар натиҷаи ҳамкориҳои самараноки муштарак миёни вазорат ва маркази идораи лоиҳа дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби Гранти асосӣ АБТ (D8600 -TJ) 9,36 млн доллари ИМА ва аз ҳисоби Гранти Е-1450 ҳамагӣ 12,27 млн. доллари ИМА аз худ карда шудааст, ки бо назардошти сарфаи маблағҳо - 104,4%-ро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи рушди соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа, ки бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии 48160 хонаводаи камбизоат дар ноҳияҳои Деваштич, Шаҳристон, Дустӣ, Ҷайхун, Норак, Рашт ва Тоҷикобод татбиқ гардида истодааст, натиҷаи хуб нишон дода, дар давраи ҳисоботӣ 10 млн. 556 ҳаз. долл. ИМА аз худ карда шудааст, ки 97%-ро ташкил медиҳад. Татбиқи босамар ва устувории натиҷаи фаъолиятҳои Лоиҳаи рушди соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа замина фароҳам овард, ки аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Лоиҳаи рушди соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+ маблағгузорӣ карда шуда, фаъолияти худро соли 2023 оғоз намуд.
Дар ин раванд Лоиҳаи дастгирии ғизои мактабӣ дар таъмин намудани мактабҳо бо маҳсулоти ғизоӣ ва беҳтар намудани шароити санитарию гигиенӣ дар мактабҳо, инчунин таъмини маҳсулоти озуқаворӣ барои мактаббаччагон дар ноҳияҳои пилотии вилояти Хатлон саҳми назаррас гузошта истода, дар давраи ҳисоботӣ 1053,04 ҳаз. долл.ИМА аз худ карда шудааст, ки 110,74 %-ро ташкил медиҳад.
Бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба соҳаи кишоварзӣ ва мусоидат ба гузариши сабз дар соли 2023 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо “Лоиҳаи гузариши сабз тавассути занҷири арзиши иловашудаи пахта” ба маблағи 19,8 млн. долл. Евро ва аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд Лоиҳаи «Рушди занҷираи арзиши иловашуда бо назардошти усулҳои иннватсионӣ дар фаъолияти занон дар соҳаи кишоварзӣ, воситаҳои барои ҳаёт арзишманд» ба маблағи 19,5 млн. долл ИМА дастгирӣ карда шуд, ки татбиқи онҳо дар соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Тақвият додани ҳамкориҳои хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Вазорати кишоварзӣ ба шумор рафта, имзои созишномаю ёддоштҳои тафоҳум, танзими мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва иштирок дар форумҳои тиҷоратӣ барои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Дар ин радиф дар доираи сафари сатҳи олӣ ва дар чаҳорчӯби ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ “Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Давлати Фаластин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шаҳрдории Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ», “Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ, табиат ва сифати хӯроквории Шоҳигарии Нидерланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташаббуси Пахтаи Бехтарин, Женева, Швейтсария ва Харитаҳои роҳи ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон ба имзо расонида шуданд.
Яке аз роҳҳои пешбарандаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ баргузории комиссияҳои байниҳукуматӣ бо давлатҳои хориҷӣ ба шумор меравад. Дар ин росто, дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 04.09.2023, №29/10-362 рӯзҳои 28-30 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид. Мутобиқи барнома дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия Шӯрои кории Тоҷикистону Беларус баргузор гардид, дар доираи он миёни соҳибкорони тарафайн 13 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат (хӯрокворӣ, нӯшокиҳо, қаннодӣ), растанипарварӣ, чорводорӣ ва техникаи кишоварзӣ ба маблағи зиёда аз 16,5 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.
Санаи 18 декабри соли 2023 иштироки роҳбарияти вазорат дар ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ таъмин гардид. Дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия, мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири кишоварзии Федератсияи Россия баргузор гардид.
Барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ «Харитаи роҳ» доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Федератсияи Россия барои солҳои 2024-2026 ба имзо расонида шуд.
Инчунин дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба Аморати Муттаҳидаи Араб дар Конференсияи 28-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-28) ва бо дарназардошти пешсафии кишвар доир ба масъалаҳои идоракунии захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва амнияти озуқаворӣ, дар чорабинии канорӣ таҳти унвони «Муколамаи вазирони СОР-28 доир ба бунёди системаи устувори обу озуқаворӣ», ки санаи 10 декабри соли 2023 таҳти раёсати Аморати Муттаҳидаи Араб ва Бразилия дар шаҳри Дубай баргузор гардид, роҳбарияти вазорат иштирок намуд.
Ҳамкориҳои бисёрҷонибаи вазорат ва иштирок дар чорабиниҳое, ки аз ҷониби Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва дигар Шарикони рушд ташкил карда шудаанд хуб ба роҳ монда шуда, дар ин давра маводҳои зарурӣ ҷиҳати иштироки 98 нафар кормандони вазорат ва зерсохторҳои он дар ҷаласаҳо, конфронсҳо, форумҳо ва курсҳои омӯзишие, ки дар ҷумҳуриҳои Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Корея, Филиппин, Ҷопон, Туркманистон, Британияи Кабир, Олмон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гурҷистон, Федератсияи Россия, Шоҳигарии Нидерланд ва Маҷористон баргузор гардиданд, омода гардиданд.
Ташкили чорабиниҳо ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ
Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.01.2023 №АП-318 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон дар соли 2023, як қатор чорабиниҳои миллӣ аз ҷумла, дар Боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе “Иди Сада ва намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ”, “Ҷашни Тиргон ва баргузории Иди зардолу ва намоиши “Хушкмеваҳои Тоҷикистон” “Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов”, Иди Меҳргон, Фестивали занбӯрпарварон, Фестиваликартошкапарварондарсатҳи баланд баргузор карда шуд
Вобаста ба таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Протоколи №1к/30-1 машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2023 оид ба дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани рузҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон, ярмарка-фуруши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар шаҳрҳои Остона, Алма-ато ва Шимкент тадбирҳои муайян роҳандозӣ гардиданд.
Санаи 9 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, ки ба муносибати ҷашни умумимиллӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудааст боздид намуданд.
Ҳамзамон санаи 28-29 июли соли 2023 дар ш. Душанбе Конференсияи байналмилалии илмию амали дар мавзӯи«Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти Ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Белоруссия, Канада, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумҳурии исломии Покистон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ (бештар аз 350 нафар), конференсияи байналмилалии илмию амалии гузаронида шуд.
Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои Протоколи №1к/30-1 машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2023 оид ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал санаҳои 14-15 сентябри соли 2023 “Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуза, каду, себ, ангур ва фестивали Оши палов” дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ”- и шаҳри Душанбе бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Дар баробари ин бо мақсади дастгирии сокинон ҷиҳати фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва Иди Саиди Қурбон, ҳамзамон дар асоси супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи аз 22 июни соли 2023, №26/10-214, оид ба нақшаи баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе дар соли 2023 бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Куруши Кабир, ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, Ирам, “Низомиддин Алишер Навоӣ” “Кули Ҷавонон”, “Ҷавонон” “Кӯдакон”, ва“Хайём”аз 1 июл то 3 сентябри соли равон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.
Дар маҷмуъ аз ҷониби кишоварзони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зиёда аз 4962,2 тонна маҳсулот нисбатан аз нархи бозор арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар арафаи таҷлили иду ҷашнҳо ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарасторони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар маҷмӯъ кумакпулӣ ба маблағи 67550 сомонӣ расонида шуд.
Ҳамчунин дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 195 нафар тарбиягирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарасторони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ки сарпарастии онро Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дорад аз номи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳои соли навӣ тақдим карда шуда, барои онҳо дастархони идона ороста карда шуда, маводҳои ғизоӣ дастрас гардонида шуд.
Таҳкими иқтидори кадрӣ ва ҳамкорӣ бо воситаи ахбори омма
Ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи кормандони ҷавон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили дониши хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ 10 нафар хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ ба курсҳои такмили ихтисос, 1 нафар ба магистратураи таҳсили рӯзонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як нафар дар зинаи магистратура ба хориҷи кишвар сафарбар карда шудааст. Ба хориҷи кишвар чанд нафар сафарбар шуданд.
Бо мақсади татбиқи сиёсати кадрӣ дар соли 2023 ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 «Оид ба Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» ду маротиба озмуни кушод барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи марказии вазорат дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» эълони озмуни кушода нашр шуд. Баъди гузаронидани ҳамаи марҳилаи озмун, тибқи тавсияи комиссияи озмунӣ 15 нафар довталаб ба мансабҳои холии маъмурӣ таъин карда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо воситаи ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, 215 мусоҳиба бо мутахассисони вазорат оид ба омодагиҳо ба мавсими кишту кори баҳорӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон, ҳолати тайёрии техникаи соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили сабзавот аз гармхонаҳо, шӯстани замин ва яхобмонӣ, тоза намудани шабакаҳои обёришаванда ва заҳкашу заҳбурҳо, тоза намудани заминҳои пахта аз ғӯзапоя ва ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, шинонидани ниҳол ва нигоҳубини он, кишти зироатҳои ғалладонагӣ, картошка ва сабзавотҳо, рондани чорво, наслгирии чорво, тарғиби дастовардҳои соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма омода ва пахш карда шудааст.
Дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ 264 хабару гузориш ва мақолаҳои гуногун доир ба соҳаи кишоварзӣ нашр гардиданд, ки бештари онҳо тавсияҳои мутахассиону олимон барои рушди соҳа буданд.
Оид ба риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, инчунин корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии омилҳои характери коррупсиондошта дар байни кормандони дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои тобеи вазорат мунтазам ба роҳ монда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Вазорати кишоварзӣ 9479 адад мактубу дархостҳо ворид гардиданд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои воридшуда зери назорат гирифта шуда, дар муҳлатҳои муайянгардида ҷавоб гардонида шуда истодааст.
Қабул ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон таҳти назорати роҳбарияти вазорат қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ нисбати муроҷиати 479 нафар шаҳрванд тадбирҳои судманд андешида шудааст.
Вазифаҳои вазорат то охири соли 2024
-дар самти растанипарварӣ: бо мақсади афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати зиёд намудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат намудан ба хоҷагиҳои кишоварзӣ барои дастраси доштан бо тухмиҳои хушсифат ва захираи тухмӣ;
- самаранок истифода бурдани гармхонаҳои доимоамалкунанда ва анбору сардхонаҳои маҳсулот нигоҳдорӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои дар заминҳои кишоварзӣ гирифтани обҳои захиравӣ дар мавсими зимистон, башаклдарории боғот ва гузаронидани корҳои агрокимиёвӣ, расонидани кӯмакҳои амалию усулӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ;
-дар самти чорводорӣ: амалӣ тадбирҳои зарурӣ барои муташаккилона гузаронидани маъркаи зимистонгузаронии чорво;
- бо истифодаи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ марҳила ба марҳила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ, беҳтар намудани фаъолияти нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, ташкили нуқтаҳои нав ва дар ин замина афзун намудани саршумори чорвои зотӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии чорво;
- дар самти техника: пурра омода ва сафарбар намудани техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ барои ба анҷом расонидани кишту кори зироатҳои кишоварзӣ ва фаъол намудани фаъолияти марказҳои хизматрасонии техникӣ;
Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тамос: 235-39-23, сомона WWW.MOA.TJ, почтаи электронӣ info@moa.tj