Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоНишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023

Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023

31.01.2024 563

Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677 ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.12.2023, №26/10-491, оид ба ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ санаи 01.02.2024 соати 13:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба «Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» доир мегардад. Аз намояндагони ВАО-и ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар чорабинии мазкур иштирок намоянд.
Гузориши матбуотӣ "Оид ба натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023" дар сомонаи расмӣ ҷойгир карда шудааст.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот
Телефон барои тамос: 2-35- 39 - 23