Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоМулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

03.02.2024 372

Санаи 2 феврали соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири Фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон баргузор гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон вобаста ба соҳа, рушди он ва имкониятҳо маълумоти мушаххас доданд.
Сафири Фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ал-Решайдон аз қабули самимӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати саривақт омодасозии Ёддошти тафоҳум барои имзо, пешгирии тағйирёбии иқлим ва мутобиқсозии зироатҳо, ҷалби сармоя барои сохтмони гармхона, корхонаҳои хурду калони коркарди маҳсулот ва банду баст, содироту воридоти молу маҳсулот ва технология, табодули таҷриба ҳавасманидии хешро изҳор намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон