Омодасозии техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ
15.02.2024 517
Санаи 13 феврали соли равон дар ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус ҷиҳати омодасозии техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ "Хатти тайёр" баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар, сардори бозрасии назорати давлатии техникӣ Ҳомидов Шариф ва масъулини соҳа аз ноҳияҳои мазкур иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус зиёда аз 1100 адад трактору мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд буда, аксарияти онҳо коршоям мебошанд.
Зимни боздид ба масъулин ҷиҳати омодагии саривақтии техникаҳо барои кишту кор ва истифодаи самараноки он, таъмини иҷрои дурнамои кишти зироатҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон