Семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Технологияи бунёди боғу токзорҳо дар Тоҷикистон"
15.02.2024 591
Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ноҳияи Хуросон санаи 14 феврали соли равон семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Технологияи бунёди боғу токзорҳо дар Тоҷикистон" баргузор гардид.
Дар кори семинар муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ Файзуллозода Маҳмадсаид, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, Раиси ноҳияи Хуросон, роҳбарони муассисаву ташкилотҳои тобеи вазорати кишоварзӣ, олимону мутахассисони соҳа, муовинони раисону шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои кишоварзӣ, ҳифзи муҳти зист, агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, кумитаи идораи замин ва хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои мазкур иштирок намуданд.
Иштироккунандагон сараввал аз парвариш ва нашъунамои картошка ва пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии Алишер дидан намуданд.
Сипас аз ҳолати парвариш ва нашъунамои боғи гелос ва олу дар хоҷагии деҳқонии Бибиузбакбӣ, токи чойлобӣ ва боғи себи хоҷагии фермерии Асадулло ташриф оварданд.
Дар қисми амалии семинар олимону мутахассисони соҳа Ахмедов Т.А, Қаландаров Р.Ю, Қаҳоров Қ.Ҳ, Назиров Ҳ.Н, Гулов С.М ва Сафаров М. ба иштирокдорон тамоми нозукиву навовариҳои соҳа ва татбиқи назарияро дар амал нишон доданд.
Дар қисми назариявӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон баромад намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар истифодаи самараноки обу замин, рӯёнидани ҳосили фаровон, риояи агротехникӣ, таъмини бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ ва содироти он ба хориҷи кишвар ба масъулини соҳа дастурҳои мушаххас доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон