Хатти тайёр дар ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Дӯстӣ.
16.02.2024 522
Санаҳои 14-15 феврали соли равон дар дар ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён ва Дӯстии вилояти Хатлон “Хатти тайёр”, намоиш ва омодагии техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар чорабиниҳо муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо, муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар, масъулини ноҳияҳои мазкур, хоҷагиҳо ва кишоварзон иштирок намуданд.
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо ва муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музаффар дар рафти мулоқот ва дидан намудан аз “Хатти тайёр”, намоиш ва омодагии техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба масъулин ва кишоварзон доир ба омодасозии техникаву мошинолотҳо, риояи техникаи бехатарӣ, истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дастурҳои муфид доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶТ