Баҳодиҳии ҳолати кишоварзӣ ва устувории он ба тағйирёбии иқлим
16.02.2024 602
Дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе семинар-машварат ва муаррифии тадқиқоти гузаронидашудаи ширкати Юник Ленд Юз оид ба баҳодиҳии ҳолати кишоварзии мамлакат ва устувории он ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.
Дар кори семинар-машварат муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Хазем Ҳанбал, намояндаи ширкати Юник Ленд Юз Алвин Кайл, намояндагони Шарикони Рушд, инчунин намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар муассисаву ташкилотҳои тобеи вазорат иштирок намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон