Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТақвияти ҳамкориҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Тақвияти ҳамкориҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

16.02.2024 467

Санаи 15 феврали соли равон дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии ҳайатҳои муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қаҳрамон Юлдошев бо мақсади баррасии масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи комплекси агросаноатӣ ва муҳокимаи самтҳои дар баррасии ҷонибҳо қарордошта мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар шахсон иштирок намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати тезонидани корҳо оид ба бунёди «Боғи дустӣ», таъсиси Маркази хизматрасонии кишоварзии (AKIS) дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, масъалаи шолипарварӣ дар Водии Зарин, ҳамкорӣ дар соҳаи навъсанҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парвариш ва коркарди шафран дар вилояти Суғд ва ташкили марказҳои тақсимоти яклухт дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, таҳияи Харитаи роҳ оид ба ҳамкориҳои соҳаи кишоварзи барои солҳои 2024-2026 баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон меҳмонон дар доираи ташриф аз Боғи ваҳдати миллӣ ва гармхона дар ҳудуди вилоят дидан намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон