Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоСеминар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи "Рушди рақамикунонӣ дар низоми электронии мониторинги нархҳо ва пешниҳоди тавсияҳо"

Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи "Рушди рақамикунонӣ дар низоми электронии мониторинги нархҳо ва пешниҳоди тавсияҳо"

16.02.2024 463

Санаи 16 феврали соли равон дар вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯи "Рушди рақамикунонӣ дар низоми электронии мониторинги нархҳо ва пешниҳоди тавсияҳо" баргузор гардид.
Дар кори семинар мутахассисони дастгоҳи марказии вазорат, КВД "Маркази такмили ихтисоси кадрҳо ва рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ", Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, МД "Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ", Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, ТҶ "Нексигол-Мушовир" иштирок намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон