Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТақсимоти техникаҳои кишоварзӣ

Тақсимоти техникаҳои кишоварзӣ

21.02.2024 528

Санаи 21 феврали соли ҷорӣ иштироки муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, муовини директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Боймурод Қурбонов, муовини директори КВДҶ Тоҷикагролизинг Ботур Муминов, намояндагони муассисаву ташкилотҳои зерсохторҳои вазорати кишоварзӣ, роҳбарони хоҷагиҳо ва дигар шахсони расмӣ даври навбатии тақсимоти техникаи кишоварзӣ баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки соҳаи кишоварзӣ зери ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯз ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар марҳилаи навбатии тақсимоти тракторҳо (6 -адад тракторҳои тамғаи “Беларус -82,1” ва 4 адад тракторҳои тасмачарх тамғаи “Агромаш” 90ТГ) ба Муассисаи давлатии Экспедитсияи мубориза бар зидди малах ва хоҷагиҳои калонҳаҷми ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.
Муовини якуми вазири кишоварзӣ Носирзода Ҷаббор суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ калон дошта, яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати рушди соҳа аз ҷониби бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ маблағгузорӣ карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар марҳилаи аввал ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва ниҳолпарварӣ як қатор мошинолотҳои кишоварзӣ, аз қабили 20 адад испорҳо, 15 адад нармкунакҳо, 13 адад тухмипошакҳои пахта, 13 адад тухмипошакҳои ғалладонагиҳо, 4 адад тухмитозакунак, 15 адад картошкаканак, 15 адад картошкашинонак, 2 адад заминҳамворкунак, 4 адад пахтатозакунак ва 4 адад тойбанди пахта дастрас карда шуд.
Дар марҳилаи дувуми тақсимот ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ 20 адад тракторҳо, 4 адад испорҳо, 7 адад ядакҳо, МД “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” 9 адад тракторҳо, МД “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ” 14 адад трактор ва КВДҶХН “Тоҷикниҳолпарвар” 11 адад тракторҳои калон, 13 адад тракторҳои хурд ва 23 адад мошинолоту таҷҳизоти кишоварзӣ дастрас карда шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон