Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоРақамикунонии соҳаи кишоварзӣ

Рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ

27.02.2024 466

Санаи 27 феврали соли равон мулоқоти Директори КВД "Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ"-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Асадуллозода Иззатулло бо мушовири лоиҳаи "Такмили хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассути равиши SHEP" Сендо Шохей баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти рақамикунонӣ, инноватсия, баландан бардоштани донишу малака, ташкили семинару тренингҳо ва омӯзиши таҷрибаи муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон