Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоОмодагии техникаҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Омодагии техникаҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

27.02.2024 712

Санаҳои 26 ва 27 феврали соли соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени вилояти Суғд қабули техникаҳои кишоварзӣ «Хатти тайёр» баргузор гардид. 

Дар он муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зеваршои Зеваршо, муовини раиси вилояти Суғд Зариф Мирдадо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен  ва дигар шахсони масъули соҳа иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен 1272 адад таркторҳо ва наздик 3000 адад мошинолотҳои гуногун мавҷуд буда, 90 дар сади онҳо омадаи кор мебошанд. Инчунин дар ноҳияҳои мазкур 15 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ, зиёда аз 50 адад нуқтаҳои маслиҳатдиҳиву машваратӣ фаъолият доранд.  

Зимни мулоқот аз ҷониби муовини вазир Зеваршои Зеваршо ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, омодагии пурраи техникаву мошинолотҳо маслиҳату дастурҳои муфид дода шуд.

Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон