Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳо"ВМКБ. ҲАВЗИ МОҲӢ ДОРЕМУ ГӮШТИ МОҲӢ-НЕ! ЧАРО?"

"ВМКБ. ҲАВЗИ МОҲӢ ДОРЕМУ ГӮШТИ МОҲӢ-НЕ! ЧАРО?"

01.11.2023 53

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкорӣ бо Шумо арзи сипос менамояд. Ҳамзамон, иттилоъ медиҳад, ки мақолаи рӯзноманигор Раҳмони Гулзорро, ки  дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" таҳти унвони "ВМКБ. Ҳавзи моҳӣ дорему гӯшти моҳӣ-не! Чаро?" (11.04.2023, №74) ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Дар мақолаи мазкур рушд, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи моҳипарварӣ дарҷ гардидааст. Дар баробари рушди ҳар як соҳа мушкилот низ ҷой дошта, масъулинро зарур аст, ки барои бартараф намудани он чораҳо андешанд.
Бояд зикр намуд, ки тибқи маълумот, ба ҳолати 01.09.2023 дар ВМКБ шаш  хоҷагии моҳипарварӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Роштқалъа якто (бо масоҳати  1 га), Шуғнон якто  (5 га), Рӯшон якто  (4 га), Мурғоб якто (3,6 га) ва дар ноҳияи Дарвоз дуто (1,4 га),  фаъолият доранд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати рушди соҳа дар вилоят аз ҳисоби "Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022" ба хоҷагии моҳипарварии "Осман"-и ноҳияи Рӯшон соли 2018 даҳ ҳазор ва ба хоҷагии моҳипарварии "Савир"-и ноҳияи Роштқалъа соли 2020 панҷ  ҳазор дона моҳича дастрас  шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 01.09.2023 истеҳсоли моҳӣ дар вилоят 800 килограммро ташкил медиҳад.
Таҳти ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ВМКБ рушд меёбанд. Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ ба ҳавзҳои хоҷагии моҳипарварии "Осман"-и ноҳияи Рӯшон даҳ ҳазор дона моҳича сар дода шуд, ки ба рушди минбаъдаи соҳа ва таъмини аҳолӣ бо гӯшти моҳӣ замина мегузорад.
Инчунин, дар деҳаи Зеви деҳоти Қалъаихумби ноҳияи Дарвоз ҳавзи моҳипарварӣ ба масоҳати 1,7 гектар ва ташхисгоҳ бунёд гардида истодааст, ки баъд аз ба истифода супурдан ҳаҷми истеҳсол ва таъминоти аҳолӣ дар минтақа бамаротиб меафзояд.
Бояд зикр кард, ки КВД "Моҳии Тоҷикистон" ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳа, дар доираи амалисозии "Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" корбарӣ менамояд.
Вобаста ба ин, Вазорати кишоварзӣ ва КВД "Моҳии Тоҷикистон" якҷо бо роҳбарони хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ барои бештар истеҳсол кардани гӯшти моҳӣ аз тамоми иқтидору имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, баҳри фаровонии бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулот чораҳои зарурӣ андешида истодаанд.

НАЗАРЗОДА М.Ф., муовини вазири кишоварзӣ

Санаи нашр: 31.10.2023 №: 215 Рӯзномаи Ҷумҳурият