Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳо«ЧАРОГОҲ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА»

«ЧАРОГОҲ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА»

13.10.2023 236

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Кароматулло Ато таҳти унвони «Чарогоҳ. Чанд паҳлуи як проблема»-ро, ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (14.02.2023, №35) ба табъ расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, оид ба истифодаи самараноки чарогоҳҳо чунин иттилоъ медиҳад. 
Дар доираи амалишавии «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва "Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027", барои рушди соҳа ва истифодаи самараноки он тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.
Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо баъзе аз мавзеъҳои чарогоҳҳо бо сабаби мавҷуд набудани об (як қисми чарогоҳи Чордағал), роҳу кӯпрукҳо (Дашти Хирсон, Дубурса) ва ҷойгир будан дар баландиҳои аз 3500 то 4000 метр (чарогоҳҳои ноҳияи Мурғоб, ки ба ғайр аз қутос дигар намуди чорво аз ин чарогоҳҳо истифода карда наметавонад) истифодаи онҳо ғайриимкон гардидааст. 
Ҳамзамон, асоси камшавии маҳсулнокии чарогоҳҳо аз рӯи мушоҳидаву таҳлилҳо, пеш аз ҳама: аз ҳад зиёд чарондани чорво дар чарогоҳҳо, зиёдшавии саршумори чорво, истифода нашудани усулҳои чарогоҳгардон, чарондани барвақтӣ, риоя нагаштани мавсими истифодабарии чарогоҳҳо аз тарафи заминистифодабарандагон ва аз мавзеъҳои чорвочаронӣ дур ҷойгир будани сарчашмаҳои об ба шумор мераванд.
Мушкили асосие, ки имрӯз сар то сари оламро фарогир аст, ин тағйирёбии иқлим мебошад, ки таъсири худро   ба чарогоҳҳо мерасонад. Яке аз нишонаҳои таъсири тағйирёбии иқлим дар чарогоҳҳо хушксолӣ ба ҳисоб рафта, ҳосилнокии чарогоҳҳои баҳорию тирамоҳӣ ба боришоти фасли баҳор сахт алоқамандӣ дорад. Бо мусоид омадани сол, яъне бо боришоти пайдарпай, маҳсулнокии чарогоҳҳо баланд ва таркиби ботаникии алафзорҳо гуногуну  бой мешаванд.   
Албатта, доимо зери истифода қарор доштани чарогоҳҳо ба сохтору таркиби рустаниҳои чарогоҳӣ ва сифати онҳо таъсири худро мерасонад. Бо зиёд намудани саршумори чорво ҳар як чорводор бояд, пеш аз ҳама, ба таври кофӣ алафу йем барои зимистонгузаронии чорвои худ захира намояд, дар акси ҳол, маҷбур мешавад, ки сарфи назар аз фасли сол, чорворо дар чарогоҳҳо нигоҳубин намояд. Ин тарзи чорводорӣ ба он оварда мерасонад, ки сатҳи тамоми чарогоҳҳо поймол гашта, массаи рустаниҳои хӯроки чорво кам мегардад ва миқдори рустаниҳои ғайриистеъмолии чорво рӯ ба афзоиш мениҳад. Дар натиҷа, маҳсулнокии чарогоҳҳо паст шуда, майдони заминҳои камалаф ва  таназзулёфта меафзояд.
Вобаста ба ин, айни замон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ", тартиб, меъёрҳои ғунҷоиши чорво ва муҳлати истифодабарии чарогоҳ омода гардидааст, ки дар он муҳлати истифодабарии устувор ва идоракунии алафзорҳои мавсимии чарогоҳҳои зимистона, баҳорӣ ва доимоистифодашаванда, ғунҷоиши чарогоҳҳо, муҳлат, меъёр ва оқилона истифодабарии онҳо муайян карда шудааст.
Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо минбаъд низ, барои самаранок истифода гардидани чарогоҳҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

М. Ф. НАЗАРЗОДА, 
муовини вазири кишоварзӣ

Санаи нашр: 11.10.2023 №: 202 Рӯзномаи Ҷумҳурият