Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳо"ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. ЧАРО ОИЛА ЗИЁДУ ҲОСИЛ КАМ АСТ?"

"ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. ЧАРО ОИЛА ЗИЁДУ ҲОСИЛ КАМ АСТ?"

14.10.2023 210

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Кароматулло Аторо таҳти унвони "Занбӯриасалпарварӣ. Чаро оила зиёду ҳосил кам аст?", ки дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" (30.05.2023, № 113) ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, чунин иттилоъ медиҳад.
Дар мақола рушди соҳа, дастовард ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ зикр гардидааст.
Бояд гуфт, ки дар баробари рушди ҳар як соҳа, мушкилот  низ, ҷой доранд ва масъулонро зарур аст, ки барои бартараф намудани камбудиҳо чораҳо андешанд. Вазорати кишоварзӣ ва КВДЗ "Асали Тоҷикистон" барои бартараф намудани камбудиҳо ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар доираи амалишавии "Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 01.09.2023 дар тамоми шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 265791 оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14566 оила зиёд аст ва истеҳсоли асал бошад, ба 2088,7 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 41,4 тонна бештар мебошад.
Мавриди зикр аст, ки  20-уми июни соли 2023 дар ноҳияи Ховалинг семинари ҷумҳуриявии занбӯриасалпарварон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар рафти семинар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки заминаи мусоиди фароҳамоварда имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 600 ҳазор ва истеҳсоли асал ба 14 ҳазор тонна дар як сол расонда шавад.
Ҷиҳати рушди бомароми соҳа ва дастгирии занбӯриасалпарварон дар соли 2023 аз ҳисоби "Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027", 200 оилаи занбӯр бо таҷҳизоти зарурӣ, хӯрока, доруворӣ ва аз ҳисоби маблағҳои КВДЗ "Асали Тоҷикистон" 90 оилаи занбӯр ва 800 модарзанбӯри зоти карпатӣ ва карникӣ харид гардида, дар доираи имконият ба занбӯриасалпарварон тақсим карда шуданд.
Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ барои содироти асал аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ 104 намунаи асал ҷамъоварӣ шуда, ба озмоишгоҳи дорои аккредитатсияи байналмилалии Олмон ирсол гардид, ки 101 намунаи онҳо баҳои мусбат гирифт ва барои содирот имконият фароҳам овард.
Вазорати кишоварзӣ ва КВДЗ "Асали Тоҷикистон" ҷиҳати рушди соҳа, зиёд намудани истеҳсоли асал ва маҳсулоти он, инчунин, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, ба шуғл фаро гирифтани аҳолии деҳот ва зиёд кардани ҳаҷми содирот аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Вазорати кишоварзӣ аз сатҳи ҳамкорӣ бо Шумо арзи сипосу миннатдорӣ менамояд.

М. Ф. НАЗАРЗОДА, 
муовини вазири кишоварзӣ

Санаи нашр: 10.10.2023 №: 201 Рӯзномаи Ҷумҳурият