Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳо«МУШКИЛИ ДЕҲОТ. АЗ ЧОРВОДОРИ БЕЧАРОГОҲ ТО ЗАМИНДОРИ БЕЧОРВО»

«МУШКИЛИ ДЕҲОТ. АЗ ЧОРВОДОРИ БЕЧАРОГОҲ ТО ЗАМИНДОРИ БЕЧОРВО»

18.10.2023 41


Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи рӯзноманигор Ташрифулло Саъдуллоевро таҳти унвони «Мушкили деҳот. Аз чорводори бечарогоҳ то заминдори бечорво», ки дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» (13.04.2023, №77)  ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, дар хусуси беҳбудӣ ва истифодабарии самараноки чарогоҳҳо чунин иттилоъ медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ 3830626 гектар чарогоҳ, аз ҷумла дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 733945 га (19,2%), вилояти Суғд 782541 га (20,4%), Хатлон 1226372 га (32%) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1087768 га (28,4%) мавҷуд аст. Аз миқдори умумии чарогоҳҳо 778262 га (20,5%) чарогоҳҳои зимистона, 2057305 га (53,7%) тобистона, 710206 га (18,5%) баҳорию тирамоҳӣ ва 278458 га (7,3%) чарогоҳҳои ҳамафасла мебошанд.
Қобили зикр аст, ки тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он боиси   паст гардидани ҳосилнокӣ, таркиби биологӣ ва ғизонокии алафҳои табиии чарогоҳҳо шуда истодааст. Чарогоҳҳо ва инфрасохторҳои он   манбаи асосии таъмини хӯроки чорвои гӯштӣ, ба монанди қутос, гӯсфанду буз ва асп буда, зиёда аз 70 дарсади талаботи солонаи онҳоро таъмин менамояд. 
Бояд гуфт, ки  саршумори чорво нисбат ба солҳои 90-уми асри гузашта, дар маҷмуъ, аз 50 то 53 дарсад афзоиш ёфта, ҳамасола тамоюли зиёдшавӣ дорад. Зиёд кардани саршумори чорво, истеҳсоли гӯшту шир ва пашму пӯст дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, саноат бо ашёи хом ва ташкили чойҳои нави корӣ ин мусоидат намудан дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонӣ, мебошад. Аз ин лиҳоз, танзиму истифодабарии оқилона, самаранок ва мақсадноки онҳо дар пешрафти соҳа аз омилҳои асосӣ мебошанд.
Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, роҳу кӯпрукҳои чорвогузар, майдонҳои дамгирии чорво  ҳамасола зина ба зина таъмиру барқарор карда  мешаванд.
Дар самти самаранок истифода бурдан, беҳтар намудани ҳолат, гузарондани таҳқиқоти геоботаникӣ, мониторинги доимӣ, ташкили харитаи умумии чарогоҳҳо, риояи стандартҳои мавҷуда ва амалӣ кардани дигар бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои «Барномаи рушди чарогоҳҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои заруриро марҳила ба марҳила ба анҷом мерасонанд.
Ҳамзамон, зикр кардан зарур аст, ки дар сурати фаъол гардидани комиссияҳои танзими истифодабарии чарогоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ камбудию норасоии дар чарогоҳҳо мавҷудбуда, давра ба давра роҳи ҳалли худро меёбанд.
Инчунин, муҳим аст, ки истифодабарандагони чарогоҳҳо заминро аз равандҳои гирифторӣ ба эрозия ва селшуӣ пешгирӣ намоянд ва барои ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, аз ҷумла чарогоҳҳо, чораҳои зарурӣ андешанд.
Вазорати кишоварзӣ, Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ», Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ баҳри ҳифзи чарогоҳҳо ва истифодаи самараноки онҳо аз тамоми иқтидору имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

М.Ф. НАЗАРЗОДА, 
муовини вазири кишоварзӣ

Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206 Рӯзномаи Ҷумҳурият