Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳо"ПАХТА. ТО ХОҶАГИҲО ҲАВАСМАНД НАШАВАНД ..." ва "ЧАРО ДЕҲҚОНОН ИМСОЛ ПАХТАРО КАМ КИШТ КАРДАНИАНД?"

"ПАХТА. ТО ХОҶАГИҲО ҲАВАСМАНД НАШАВАНД ..." ва "ЧАРО ДЕҲҚОНОН ИМСОЛ ПАХТАРО КАМ КИШТ КАРДАНИАНД?"

30.11.2023 188

"ПАХТА. ТО ХОҶАГИҲО ҲАВАСМАНД НАШАВАНД ..."
Вазорати кишоварзӣ мақолаи Имомназари Каримиён, сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, "Пахта. То хоҷагиҳо ҳавасманд нашаванд ..."-ро, ки дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" 16-уми майи соли 2023, № 102 ба нашр расидааст, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод. 

Дар мақолаи мазкур рушд  ва мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи пахтапарварӣ, ҳосилнокӣ, ҳолати нарх, корхонаҳои коркарди ниҳоӣ, натиҷаи даромаднокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа мавриди таҳлил қарор гирифта, муаллиф оид ба дастгирии хоҷагиҳои пахтакор, рушди минбаъдаи соҳа андешаҳои хешро мушаххас дар 7 банд иброз доштааст, ки аз нуқтаи назари илмӣ хеле муҳиманд. 
Маврид ба зикр аст, ки аз тарафи мутахассисони Вазорати кишоварзӣ бо назардошти хароҷоти истеҳсолии воқеии хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ, ҳисоби миёнаи истеҳсоли 1 кг пахтаи хом аз рӯи ҳосилнокии 25 с /га, 11 сомонӣ ҳисоб карда шудааст. Бо мақсади рушди соҳаи пахтакорӣ ва тақвият бахшидан ба ин соҳаи пуриқтидори саноатию кишоварзӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти аълосифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, фароҳам овардани шароитҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷию ватаниро мувофиқи мақсад ҳисобида, Вазорат дар доираи имкониятҳо ҷиҳати ба танзим даровардани соҳаи пахтакорӣ ва таъмини хоҷагиҳои пахтакор бо нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо, техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда тамоми инкониятҳоро истифода мебарад. 
Пешниҳодҳои овардаи муаллиф дар мақолаи мазкур оид ба таҳти назорат қарор додани кишти пунба аз ҷониби давлат ва муқаррарнамоии нархҳои тавсиявии хариди пахта аз хоҷагиҳо бо назардошти хароҷоти воқеии онҳо, бо ин роҳ зиёд намудани афзоиши равғани истеъмолӣ, ҳамчун маводи воридотивазкунанда аз хориҷ, пайдошавии ҷойҳои нави корӣ вобаста ба коркарди ниҳоии нахи пахта дар корхонаҳои саноатӣ, дастгирии корхонаҳои пахтаву деҳқонон дар раванди парвариши ин зироат дар хоҷагиҳо саривақтӣ буда, дар Вазорат мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор гирифтаанд. 
Дар соли 2023 барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва дастгирии хоҷагиҳои тухмипарварӣ бо ёрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзӣ ва Муассисаи давлатии "Рушди соҳибкорӣ дар кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи "Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ" ба миқдори 150 тонна чигити тухмии гурӯҳи элита, навъҳои “Лодос” 105 тонна, “Перла-С” 30 тонна ва “Ария” 15 тонна, инчунин, наздик ба 3000 тонна нуриҳои минералӣ барои такрористеҳсолкунӣ дастрас намуд. Минбаъд низ дастгириҳо идома меёбанд. 
Имсол кишоварзон дар майдони 175695 гектар чигит кишт карданд ва ҳосили хуб рӯёнданд. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосил бомаром идома дошта, тибқи дурнамо, бояд 430068 тонна хирман бардоранд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хариди пахта аз тарафи корхонаҳои қабул ва коркарди пахта дар асоси нархи тавсиявӣ амалӣ карда мешавад. Мутаассифона, аз ҷониби корхонаҳои қабул вa коркард, бо назардошти нархи биржаи байналмилалии хариди нахи пахта, бо арзиши аслӣ харидорӣ нагардидани ашёи хоми пахта ва сари вақт пардохт нашудани ҳаққи чиниш, боиси коҳиш ёфтани ҳавасмандии хоҷагиҳои пахтакор дар таъмини дурнамои кишт ва истеҳсоли пахта мегардад. Дар баробари ин, дар мамлакатҳои ҷаҳон нарх ва хариди маҳсулоти пахта бештар аз биржаи  ҷаҳонӣ вобастагӣ дорад. Зеро коҳишу баландшавии нархи пахта, таҳримҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим, норасоии оби полизӣ, баландшавии нархи маводи сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ ва хизматрасониҳо ба кишту истеҳсоли пахта таъсири манфии худро расонда истодаанд. 
Тазаккур медиҳем, ҳамоҳангии занҷираи истеҳсол, коркард ва инфрасохтори ёрирасон дар раванди истеҳсоли зироатҳо ва расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ, дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, инчунин, амалисозии Консепсияи ташкил ва рушди кластерҳои агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2020 , № 566 қабул гардидааст, дар бартарафсозии мушкилоти  соҳа замина гузошта истодаанд. 

Ҷаббор НОСИРЗОДА, муовини якуми вазири кишоварзӣ

"ЧАРО ДЕҲҚОНОН ИМСОЛ ПАХТАРО КАМ КИШТ КАРДАНИАНД?"
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мақолаи рӯзноманигор Ғайбулло Ҳалимов таҳти унвони "Чаро деҳқонон имсол пахтаро кам кишт карданианд?" ("Ҷумҳурият" , 24.04.2023, № 84)  мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуд.  

Мақолаи мазкур, ки оид ба рушд, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдошта дар соҳаи пахтапарварӣ ба нашр расидааст, саривақтӣ мебошад. 
Муаллиф баъзе паҳлуҳои соҳа, аз ҷумла   аҳамияти кишти пунба ҳамчун зироати стратегӣ ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ, муқаррарнамоии нархҳои тавсиявии хариди пахта аз хоҷагиҳо бо назардошти хароҷоти воқеии онҳо аз тарафи корхонаҳои саноатӣ, дастгирии деҳқононро  дар раванди парвариши пахта дар хоҷагиҳо, мавриди таҳлилу тадқиқ   қарор додааст.
Пешниҳодҳои рӯзноманигор дар  корхонаҳои қабул ва коркарди пахта низ мавриди омӯзиш қарор хоҳанд гирифт. Вазорати кишоварзӣ ҳамаи чораҳоро меандешад, то ки аз парвариши пахта деҳқонон ҳарчи бештар фоида ба даст оранд. 

Ҷаббор НОСИРЗОДА, муовини якуми вазири кишоварзӣ

Санаи нашр: 30.11.2023 №: 236 Рӯзномаи Ҷумҳурият