Конфронси байналмилалии “Пешомадҳои рушди устувори пахтакорӣ дар Тоҷикистон: роҳандозии занҷираи истеҳсолӣ”
04.03.2024 612
Санаи 4 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенси Конфронси байналмилалии “Пешомадҳои рушди устувори пахтакорӣ дар Тоҷикистон: роҳандозии занҷираи истеҳсолӣ” бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори Конфронс Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корпусҳои дипломатӣ, Шарикони рушд, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои пахтакор, хоҷагиҳои пахтакор ва тухмипарварӣ дар самти пахта, корхонаҳои коркарди пахта ва нассоҷӣ, инчунин меҳмонан аз Ҷуҳуриҳои Узбекистон, Озарбойҷон, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, Олмон, Шветсария, Аморати Мутаҳидаи Араб, Сингапур иштирок доранд ва ба таври маҷозӣ чорабиниро намояндагони мамлакатҳои Англия, Шветсария, Олмон, Нидерландия ва Ҳиндустон пайгирӣ намуда истодаанд.
Кори Конфронсро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуда, доир ба “Вазъи пахтакории устувор дар Тоҷикистон ва дурнамои рушди он” маърӯза намуданд.
Инчунин сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Раймундас Кароблис, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар, Роҳбари Лоиҳаи рушди фарогири деҳоти Ҳамкории Олмон дар Тоҷикистон Вулф Хендрик Горетски ва дигар намояндагон баромаду маърузаҳо намуданд.
Ҳамзамон барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти кишоварзии сабз ва саҳм гузоштан ба шуди соҳаи пахта як қатор хоҷагиҳои пахтакор ва корхонаҳои коркарди пахта бо ҷоизаву туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Имрӯз соҳаи кишоварзӣ таҳти ғамхориву дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди мамлакат баҳисоб рафта, дар доираи амалисозии Стратегияҳо, Барномаҳо ва лоиҳаҳои соҳавӣ саҳми арзандаи худро баҳри рушду пешрафти иқтисодиёти кишварамон гузошта истодааст. Мавриди зикр аст, ки пахта бойгарии давлат буда, пахтакорӣ ҳамчун соҳаи манфиатбахш, даромаднок, пешбарандаи иқтисодиёт, таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, афзоишдиҳандаи маҳсулоти содиротӣ, таъминкунандаи саноати сабук бо ашёи хом нақши арзанда дорад ва нахи пахта яке аз маҳсулоти стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зеро соҳаи пахтапарварӣ қисми ҷудонашавандаи соҳаи саноати сабуки кишвар ба шумор рафта, пахта ҳамчун маводи арзишманди хом барои саноати сабуки кишвар баҳри рушди самти нассоҷӣ нақши калидиро мебозад.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон