Гузориши матбуотӣ ба ҳолати 01.03.2024
“Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳои барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ”
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд дар майдони 605483 гектар шудгор гузаронида шавад. Ба ҳолати 29.02.2024 майдони 569652 гектар шудгор карда шуда, озуқадиҳии ғалладонагиҳо 177566,8 гетар, дар майдони 103645 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 4808 гектар зироатҳои техникӣ, 4808 зироатҳои равғандеҳ, 6001 гектар кишти картошкаи барвақтӣ, 16291 гектар сабзавоти барвақтӣ, аз он пиёз 12744 гектар, сабзӣ 2218 гектар, карам 1002 гектар ва 1717 гектар дигар сабзавотҳо гузаронида шудааст. То имрӯз дар майдони 44171 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузаронида шуд. Аз он ҷумла, гандум 21010 гектар, ҷав 21004 гектар, дигар зироатҳо 2157 гектар, ғизодиҳии ғалладонагиҳо 122413 гектар, картошка 8429 гектар, сабзавот 19976 гектар ва 1785 гектар кишт карда шуд.
“Бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёвии тирамоҳу зимистон ва аввали баҳор бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор”
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 29.02.2024 ҳамагӣ дар майдони 110 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки аз он боғ 106 гектар ва токзор 4 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 817 гектарро дар бар мегирад.
Ба ҳолати 29.02.2024 дар майдони 186515 гектар боғу токзорҳо ва заминҳои кушод яхобмонӣ гузаронида шуда, корҳои агротехникии боғҳо дар майдони 45838 байни қаторҳо, 67082 буридани навдаҳо, 23385 гектар коркарди кимиёвӣ ва дар токзорҳо 12417 гектар коркарди байни қаторҳо, 17124 гектар буридани навдаҳо ва 5757 гектра коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.02.2024 майдони умумии гармхонаҳо 168 гектар буда, дар майдони 130,5 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 60,1 гектар, бодиринг 26,5 гектар ва дигар сабзавотҳо 44,0 гектарро ташкил медиҳад.
Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 460,5 тонна сабзавот, аз он помидор 242,3 тонна, бодиринг 50,0 тонна ва дигар сабзавотҳо 168,2 тонна мебошад.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.02.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ ба майдони умумии 439 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 163 гектар, бодиринг 151 гектар ва дигар сабзавотҳо 125 гектарро ташкил медиҳад.
Захираи маҳсулотҳои кишоварзӣ дар анборхона ва сардхонаҳо
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.02.2024 дар анборхонаҳобамиқдори умумии 538877 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ захира карда шудааст, ки аз он мевагиҳо 36620,4 тонна, картошка 204073 тонна, сабзавот 190622 тонна ва ғалладонагиҳо 107561 тоннаро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.02.2024 дар сардхонаҳо ба миқдори умумии 17254 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ захира карда шудааст, ки аз он мевагиҳо 3956 тонна, картошка 983 тонна, сабзавот 11558 тонна ва дигар маҳсулотҳо 625 тоннаро ташкил медиҳад.
Наслгирии чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 386298 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 29.02.2024 111159 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11449 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 10 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тел: 2-35-39-23