Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТақвияти ҳамкориҳои судманд байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Тақвияти ҳамкориҳои судманд байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

07.03.2024 414

Бо мақсади дарёфти шарикони потенсиалӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ҳайати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Санаи 6 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенси Душанбе мулоқоти гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва Сардори Раёсати татбиқи стратегияи рушди соҳаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар мулоқот сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаю ташкилотҳои зертобеи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва муассисаву ташкилотҳои он иштирок доштанд.
Дар мулоқот ҷонибҳои ҷиҳати тақвияту ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар самтҳои растанипарварӣ, чорводорӣ, техникӣ, рақамикунонӣ, илм ва инноватсия, воридоту содироти молу маҳсулот, омӯзиши таҷрибаи тарафайн ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки ҳайати Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тибқи барнома аз вилоятҳои Суғду Хатлон дидан намуда, бо масъулин бо мақсади шиносоӣ аз имконияту иқтидорҳои мавҷудаи вилоятҳо ва дарёфти самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз хоҷагиҳои пешқадам, фабрикаҳои парандапарварӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ мулоқотҳо анҷом доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон