Паёми шодбошии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бахшида ба Рӯзи модар
07.03.2024 583
Модарон, бонувон ва хоҳарони азиз!
Ҳамаи Шуморо бо фарорасии Иди баҳору зебоӣ санаи фархундаи Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, ба Шумо дар ин рӯзи муқаддас тансиҳативу хонаободӣ, умри дароз ва саодати зиндагиро таманно намуда, орзу менамоям, ки ҷашни фархундаи модар ба хонадони Шумо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, рӯзгори ободу осуда, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракатро насиб гардонад.
Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад, ки дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар сиришт ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст.
Дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи эътибору эҳтироми давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба модарону хоҳарони азиз мебошад, зеро нақши онҳо дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Боиси ифтихору сарбаландӣ ва шоистаи таҳсин аст, ки имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони арҷгузорӣ ба Зан-Модар ва қадршиносии бепоён ба заҳмату хизматҳои арзишманди модарон, санаи 8-уми мартро ҳамчун “Рӯзи модар” эълон карданд ва ҳамасола ин санаи таърихӣ дар мамлакат бо самияти беандоза нисбат ба модарони азиз дар сатҳи баланд ва бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад.
Воқеан ҳам арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии модарон қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.
Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад.
Модар барои фарзанд дарҳои илму маърифатро боз мекунад, яъне аввалин омӯзгори фарзанд мебошад ва ба хотири орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат беминнат талош меварзад.
Аз ин рӯ, модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу рӯҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ бахшида ба Рӯзи модар таъкид намудаанд, ки: “Ман ба мардони муҳтарам муроҷиат карда, як масъалаи муҳимро таъкид менамоям, ки мо бояд, сарфи назар аз пастиву баландиҳои зиндагӣ босабру таҳаммул бошем, ба хушунату зӯроварӣ дар оила роҳ надиҳем, барои фарзандони худ ва махсусан духтарон шароити илму донишомӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунарро муҳайё созем, то онҳо дар зиндагии ояндаи хеш азоб накашанд. Мо мардон, ки зодаву парваридаи модар ҳастем, вазифадорем, ки эҳтироми Зан-Модарро нафақат дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳар лаҳзаву ҳар соат, ҳамеша ва тамоми умр ба ҷо оварем, ба онҳо ғамхориву меҳрубонӣ ва хизмат кунем ва кӯшиш намоем, ки ба ризоият ва дуои неки онҳо сазовор шавем”.
Дар Тоҷикистони азизи мо хурду бузург заҳмату фидокориҳои модарону бонувонро қадр мекунанд. Зеро бонувони мо имрӯз бо нангу номуси ватандорӣ дар соҳаҳои гуногун баробари мардон кору фаъолият доранд.
Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.
Саҳми модарони тоҷик имрӯз низ дар тарбияи фарзандони бонангу номус ва ватандӯсту ватанпараст бузург мебошад. Фарзандони тарбиякардаи модари тоҷик ҳоло бо заҳмати бунёдкорона ва ташаббусҳои созандаашон давлати соҳибистиқлол ва Ватани аҷдодиамонро обод карда, мақому манзалати Тоҷикистони соҳибихтиёрро торафт баланд бардошта истодаанд.
Бонувону хоҳарони азиз!
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба масъалаи дастгирии занону бонувон диққати асосӣ дода, фаъолияти минбаъдаи занону бонувонро ҳамчун нерӯи фаъол ва пешбарандаи ҷомеаи Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳаҳои бонкдорӣ, илму маориф, соҳибкориву тиҷорат ва бахшҳои дигар махсус таъкид намуда, нақши мустақиму озодонаи онҳоро зарур ва саривақтӣ мешуморанд.
Яъне ғамхорӣ дар ҳаққи занону бонувон ва ҳарчи бештар ба корҳои давлату ҷомеа ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Маҳз бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» таҳия гардид, ки ин тадбири муҳим низ ба дастгирии минбаъдаи занону модарони Тоҷикистони азиз мусоидат хоҳад кард.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону бонувонро бараъло мушоҳида мекунем ва нишонаи аслии он роҳбарони хоҳагиҳои деҳқонӣ мебошанд, ки имрӯз дар саросари мамлакат аксари роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон буда, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳо саҳми назаррасро доранд.
Модарони азиз ва бонувону хоҳарони арҷманд! Дар охир, бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи модар самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо, пеш аз ҳама саломатӣ, умри дарози бобаракат, рӯзгори обод, хушбахтӣ ва иқболи нек орзу менамоям.
Рӯзи модар муборак бошад!