Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
07.03.2024 572
Санаи 7 марти соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон чорабиниро оғоз намуда, ҳамаи бонувонро бо фарорасии Иди баҳору зебоӣ санаи фархундаи Рӯзи модар табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки оиси ифтихору сарбаландӣ ва шоистаи таҳсин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони арҷгузорӣ ба Зан-Модар ва қадршиносии бепоён ба заҳмату хизматҳои арзишманди модарон, санаи 8-уми мартро ҳамчун “Рӯзи модар” эълон карданд ва ҳамасола ин санаи таърихӣ дар мамлакат бо самияти беандоза нисбат ба модарони азиз дар сатҳи баланд ва бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешавад.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб зимни баромади хеш кулли бонувонро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба модарону бонувон ибрози назар карда, аз эҷодиёти худ дар васфи Зан –Модар шеъро қироат намуданд.
Дар фарҷом бонувон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон