Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ

Тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи кишоварзӣ

12.03.2024 643

Санаи 12 марти соли равон мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Мудири Шуъбаи Комиссияи Аврупо – муовини директори генералӣ оид ба масъалаҳои байналмилалӣ сарпарасти кишварҳои Шарқи Наздик, Осиё, минтақаҳои Уқёнуси Ором ва Осиёи Марказӣ хонум Сара Риналди ва сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис баргузор гардид.
Вазири кишоварзӣ муҳтарам Ҳакимзода Қурбон доир ба рушди соҳа, имконияту иқтидори истеҳсолӣ ва содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза маълумот доданд.
Намояндаи Иттиҳоди Аврупо хонум Сара Риналди ҳавасмандии ҳамешагиро ҷиҳати ҳамкориҳои судманд ва амалисозии лоиҳаҳои гуногунро дар бахши кишоварзӣ изҳор намуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба хамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупоро дар бахши соҳаи кишоварзӣ, амалисозии лоиҳаҳо, дастгирии хоҷагиҳо, мутобиқсозии кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим, содироти пахта ва дигар маҳсулотҳои тару тозаи мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон