БАРНОМАИ РУШДИ НИЗОМИ АГРООЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ УСТУВОР БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030: Баррасии раванди татбиқ ва нақшаҳои минбаъда
13.03.2024 808
Санаи 13 марти соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030: Баррасии раванди татбиқ ва нақшаҳои минбаъда” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҲҶТ, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Корпусҳои дипломатӣ ва Шарикони рушд иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки “Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2023, №54 қабул гардида, имрӯз мавриди амал қарор дорад.
Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар ин баррасии рафти амалишавӣ ва муайян намудани механизми мониторинг ва арзёбии Барнома бо ҷалби тамоми ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла шарикони рушд дар раванди татбиқи он мебошад. Дар рафти кори мизи мудаввар инчунин механизмҳои ҷалби васеи доираҳои илмӣ ба раванди татбиқи Барнома (аз ҷумла омода намудани маводи таҳлилӣ оид ба афзалиятҳои стратегии Барнома, таҳияи пешниҳоду тавсияҳо барои такмил додани механизми баррасии рафти иҷроиш бо дарназардошти афзалиятҳои стратегӣ, инчунин вазифаҳои алоҳидаи ҳамаи дигар барномаҳои соҳавие, ки дар бахши кишоварзии кишвар амалӣ мешаванд) баррасӣ карда мешаванд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон чорабиниро ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ вобаста ба дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ ва ва ҳамкориҳои судманд бо Шарикони рушд ҳарф заданд.
Инчунин Озан Севимли – Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркменистон, Ташихиро Аики — Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Адхам Мусаллам – Намоянда ва директори кишварии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ, Қозидавлат Қоимдодов - Намояндаи доимии шабакаҳои Оғохон оид ба рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Саид - Сафири фавқулодда ва мухтори Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вульф Хендрик Горецкий — Директори Барномаҳои Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ва дигар иштирокдорон доир ба амалисозии Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 ва ҳамкориҳои минбаъда ибрози назар намуданд.
Дар чорабинӣ Корпусҳои дипломатӣ ва Шарикони рушд ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо Сипоснома аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон қадршиносӣ гардиданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон