Паёми шодбошии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Ҷашни Наврӯз
21.03.2024 457
Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол соли нави аҷдодиамон-Наврӯзи хуҷастапай фаро расидааст, ҳамаи Шумо ҳамватанон ва кишоварзонро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, самимона табрик мегӯям.
Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд.
Мардуми сарбаланди тоҷик аз қадим Наврӯзро бо маросимҳои густурда ҷашн гирифта, дар он беҳтарин ҳунару истеъдод ва хислатҳои неки инсониро ба намоиш мегузоштанд.
Наврӯз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва иқдому ташаббусҳои неки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ғановату рангорангиаш эҳё гардид, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ ва ваҳдату ҳамдилии мардум табдил ёфтааст.
Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати тоҷикон дар эҳё ва зинда гардонидани Ҷашни миллии тоҷикон Наврӯз назаррасу шоиста буда, маҳз бо талошҳояшон Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намуд.
Яъне бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.
Яке аз фазилатҳои дигари Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандаву ободгарона, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст.
Имрӯз, ки табиат зинда гардидаву, айёми кишту кор низ фаро расидааст, бо боварӣ гуфта метавонем, ки мо кишоварзони мамлакат бо заҳмати содиқонаи худ, ҷиҳати зиёд намудани майдони зироатҳои кишоварзӣ, боғҳо ва истеҳсоли маҳсулот ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саъю талош менамоем.
Азхудкунии заминҳои бекорхобида, истифодаи оқилонаи обу замин, рӯёнидани ҳосили фаровон, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва дигар амалҳои ободонӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр анҷом диҳем.
Орзуманди он ҳастем, ки баҳору Наврӯзи имсола ба сарзамини мо бо шодиву хуррамӣ ва файзу баракати худ қадам гузошта, барои сокинони мамлакат аз ҷумла кишоварзони ҷумҳурӣ барору комёбӣ ва файзу нусратҳои навро насиб мегардонад.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори фарорасии Ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона табрик мегӯям.
Бигзор Наврӯз ба хонаи ҳар кадоми Шумо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза биёрад!