Таҷлили Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Нуробод
24.03.2024 526
Санаи 23 марти соли равон ноҳияи Нуробод Ҷашни Наврӯзи бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Бахшида ба Ҷашни Наврӯз тамоми воҳидҳои сохтории ноҳия, аз ҷумла кишоварзон, ҳунармандон, варзишгарон, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастовардҳои хешро ба намоиш гузоштанд.
Дар чорабинии идона Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, Раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинон иштирок намуданд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон кулли мардуми саодатманди ноҳияи Нурободро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷашни Наврӯз шодбош табрику муборакбод намуданд. Зикр гардид, ки мардуми тамаддунофари тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳои ҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардан ва парастиши табиату қадршиносии неъматҳои он ҳидоят менамояд. Маҳз бо ташаббусҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намудан ва бо шаҳомати ба худ хосс таҷлил карда мешавад.
Ҳамзамон Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои бунёдкориву созандагӣ ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷудаи ноҳия барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳо ва некуаҳволии аҳолӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи самараноки замину об, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳарф заданд.
Дар доираи таҷлили Наврӯз як қатор фаъолон бо Ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Баҳри болидахотирии сокинон аз ҷониби аҳли ҳунару санъати ноҳия барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон