Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоТаҷлили Ҷашни Наврӯз

Таҷлили Ҷашни Наврӯз

25.03.2024 549

Санаи 25 марти соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва тамоми муассисаву ташкилотҳои сохтории Вазорат бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Ҷашнгоҳ бо тамоми унсурҳои Ҷашни Наврӯз аз қабили дастурхони наврӯзӣ, гӯшаҳои таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намоиши бозиҳои варзишӣ, базми шеъру суруд, дастовардҳои илмӣ, гушаҳои маслиҳатдиҳӣ ва техникаву олотҳои кишоварзӣ оро дода шуда буд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон кулли иштирокдорон ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони кишварро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва баҳори оламафрӯзу оғози корҳои деҳқонӣ самимона табрику таҳният намуданд. Зикр гардид, ки мардуми тамаддунофари тоҷик Наврӯзро давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, анъанаҳои ҷашнии онро то замони мо бегазанд расонидаанд. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардан ва парастиши табиату қадршиносии неъматҳои он ҳидоят менамояд. Маҳз бо ташаббусҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалиро касб намудан ва бо шаҳомати ба худ хосс таҷлил карда мешавад. Дар ҳақиқат Наврӯз ваҳдати зиндагии инсонро бо табиат, пайвасти ногусастании меҳнату заҳмати бунёдкоронаро бо давраҳои тағйири фаслҳои сол инъикос намуда, муносибати оқилонаро нисбат ба зуҳуроти олами фарогири инсон дар худ таҷассум менамояд. Зери истилоҳи Наврӯз ғояҳои ғании умумибашарӣ, аз қабили муносибати дилсӯзона ба замин, ҳаво, обу оташ ва умуман дигар муқаддасоти табиату ҷомеа нуҳуфтааст.
Баҳри болидахотирии иштирокдорон аз ҷониби ансанбли халқии “Гулдаста”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон