Мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишоварзон дар ноҳияи Деваштич
27.03.2024 499
Санаи 26-уми март дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо кишоварзон баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси ноҳияи Деваштич Ҷалилзода Ашуралӣ, муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Амонулло, муовини Раиси вилоят Зариф Мирдадо, кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ иштирок намуданд.
Раиси ноҳия Ашуралӣ Ҷалилзода ба сухан баромада, меҳмононро ба ноҳияи зебоманзари Деваштич хайра мақдам намуда, оид ба нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия ҳарф зад.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон зимни суханронии хеш, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноку оқилонаи замину об, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ба бозорҳои байналмилалӣ қайд намуданд. Зикр гардид, ки ҷиҳати дастгирии кишоварзон ва рушди соҳаи кишоварзӣ дар доираи лоиҳаҳо марҳила ба марҳила хоҷагиҳо бо тухмии хушсифати зироатҳо, нуриҳои минералӣ ва техникаву мошинолотҳо таъмин гаридиа истодаанд.
Инчунин ба кишоварзон барои парвариши зироатҳо аз ҷумла картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо ва маслиҳатҳои судманд дар самти кишоварзӣ дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон