Боздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Конибодом
28.03.2024 476
Санаи 27 марти соли равон Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода Амонулло бо мақсади дар маҳал дида баромадан ва тақвияти корҳои саҳроӣ бо масъулин ва кишоварзон аз шаҳри Конибодом дидан намуданд.
Ҳангоми боздид ва мулоқот ба масъулин ва кишоварзон аз ҷониби Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи маводҳои истеъмолӣ, истифодаи самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию Президентӣ, истифодаи тухмиҳои хушсифат, риояи агротехникии зироатҳо, пешгирӣ ва мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон, коркарди химиёвии зироатҳои кишоварзӣ майдони зироатҳо ва боғу токзорҳо маслиҳату тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Инчунин бо иштироки Вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон деҳқонону хоҷагидорон кишти пахтаро оғоз намуданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон