Гузориши матбуотӣ ба санаи 30.03.2024
01.04.2024 444
“Рафти шудгор, кишти тирамоҳӣ ва зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ”
Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат дар ҷумҳурӣ тибқи дурнамо бояд 608174 гектар шудгор гузаронида шавад. Ба ҳолати 29.03.2024 майдони 588823 гектар шудгор карда шуда, майдони кишти ғалладонагиҳои тирамоҳӣ 177566,8 гектар буда, озуқадиҳии ғалладонагиҳо 175325 гектарро ташкил медиҳад. Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ дар майдони 63588 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 15049 гектар зироатҳои техникӣ, аз он пахта 6683 гектар, 8166 гектар зироатҳои равғандеҳ, 4478 гектар полизӣ, 8958 гектар кишти картошка, 23484,3 гектар сабзавот, аз он пиёз 14966 гектар, сабзӣ 2832 гектар, карам 1032 гектар, помидор 1313 гектар, бодиринг 949 гектар ва 1717 гектардигар сабзавотҳо кишт карда шудааст. То имрӯз дар майдони 44171 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо гузаронида шуд.
Бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёвии тирамоҳу зимистона ва аввали баҳор бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор”
Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 29.03.2024 ҳамагӣ дар майдони 173 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғ 140 гектар ва токзор 34 гектар буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1381 гектарро дар бар мегирад.
Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.03.2024 майдони умумии гармхонаҳо 172 гектар буда, дар майдони 133,9 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 60,9 гектар, бодиринг 27,7 гектар ва дигар сабзавотҳо 45,5 гектарро ташкил медиҳад.
Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 894,2 тонна сабзавот, аз он помидор 381,9 тонна, бодиринг 81,2 тонна ва дигар сабзавотҳо 431,1 тонна мебошад.
Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 29.03.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ ба майдони умумии 1611 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 624 гектар, бодиринг 467 гектар ва дигар сабзавотҳо 521 гектарро ташкил медиҳад.
Наслгирии чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ
Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 413435 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 29.03.2024 255135 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14011 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 35 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: 2-35-39-23