Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
02.04.2024 385
Санаи 02 апрели соли ҷорӣ мулоқоти Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор баргузор гардид.
Ҷонибҳо оид ба барои рушди ҳамкориҳои судманд дар самти тухмипарварӣ, чорводорӣ, табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, воридоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус доир ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба андешаҳои хешро иброз карданд.
Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон