Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБаррасии бунёди марказҳои агрологистикӣ

Баррасии бунёди марказҳои агрологистикӣ

02.04.2024 435

Санаи 02 апрели соли равон дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот ҷиҳати тезонидани раванди корҳобунёди марказҳои агрологистикӣ ва корҳои таъмирию сохтмонӣ дар бинои КВД “Маркази рақамикунонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Дар кори мулоқот Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон, муовинони вазир Зеваршои Зеваршо ва Нигина Анварӣ, Директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Далер Сатторӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.


Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани рушди устувории кишоварзӣ” бунёди 3 маркази агрологистикӣ дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва дар доираи маблағҳои иловагӣ бунёди 2 маркази агрологистикии иловагӣ дар минтақаи Кулоби вилояти Хатлон ва ВМКБ ба нақша гирифта шудааст.


Барои бунёди 3 марказҳои агрологистики заминҳо ҷудо гардида, ширкатҳои байналмилалӣ ва миллӣ пудратчӣ СОФРЕКО ва БАРС-консалтинг тибқи тартиби муқарраргардида муайян ва интихоб гардида, тибқи нақша сохтмони онҳо аз моҳи июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон оғоз карда мешавад.


Дар мулоқот аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ба масъулин ҷиҳати иҷрои бандҳои Лоиҳа, саривақтии корҳои таъмириву сохтмонӣ, азхудкунии маблағҳо ва дигар масъалаҳо дастуру маслиҳатҳо дода шуд.


Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон