ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2024
17.04.2024 357
Санаи 17 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷаласаи ҳайати мушовара таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи марказии вазорат, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сарраёсати кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, раёсату шуъбаҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.
Ҷаласаро Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ намуд.
Нахуст маърӯзаи муовини вазири кишоварзӣ Назарзода Машокир оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли 2024 шунида шуд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар фаъолияти худро дар асоси вазифаҳое, ки аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияву консепсияҳо ва барномаҳои соҳавӣ бармеоянд ба роҳ монда, оид ба татбиқи сиёсати аграрӣ, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас ва таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ, аз ҷумла дар самти растанипарварӣ, чорводорӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ, як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар 3 моҳи соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 3530,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,7 фоизро ташкил дода, афзоиши суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 0,3 фоиз таъмин гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ истеҳсоли сабзавот 6152 тонна, мева 29 тонна, гӯшт 53295 тонна, шир 208212 тонна, моҳӣ 1199 тонна, пашм 308 тонна ва тухм 252,5 млн донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли сабзавот 2126 тонна ё 52,8 фоиз, мева 9 тонна ё 48 фоиз, гӯшт 2092 тонна ё 4,1 фоиз, шир 11924 тонна ё 6,1 фоиз, пашм 4 тонна ё 1,2 фоиз зиёд гардидааст.
Инчунин сардорони сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шуъба ва бахшҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаву ташкилотҳои зертобеи вазорат оид ба нишондиҳандаҳои соҳа ахборот пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби Раёсати ҳайати мушовара ба масъулин барои ислоҳи камбудиҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ баромад намуда, барои иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зимни мулоқотҳо бо роҳбарон ва фаъолон дар сафарҳои корӣ баён намудаанд, масъулинро вазифадор карда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти минбаъда, истифодаи самараноки замину об, иҷрои дурнамои кишт, риояи агротехникӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳа дастуру маслиҳатҳо дода шуд.
Маркази матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон