Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 22.04.2024

Гузориши матбуотӣ ба санаи 22.04.2024

22.04.2024 313

“Рафти кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 440727 гектар кишти баҳории зироатҳо банақша гирифта шуда, ба ҳолати 19.04.2024 дар майдони 285029 гектар иҷро карда шудаст, ки  дар майдони 84131 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 131294 гектар зироатҳои техникӣ, аз он пахта 115655 гектар, 15415 гектар зироатҳои равғандеҳ, 10299 гектар полизӣ, 13770 гектар кишти картошка, 29509 гектар сабзавот, аз он пиёз 17459 гектар, сабзӣ 3874 гектар, карам 1315 гектар, помидор 3007 гектар, бодиринг 1803 гектар ва 3313 гектар дигар сабзавотҳо ва зироатҳои хӯроки чорво 16026 гектарро ташкил медиҳад.

Кишти пахта

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти пахта 186000 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 21.04.2024 дар майдони 127221 гектар пахта кишт шудааст, ки 68,4 фоизи нақшаи иҷроро ташкил медиҳад. 

Аз он дар вилоятҳои Суғд 43485 гектар, Хатлон 83261 гектар ва НТҶ 475 гектар кишт гузаронида шудааст.

Кишти картошка

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти картошка дар хоҷагиҳоиҷамоавӣвадеҳқонииҷумҳурӣ 40070 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 19.04.2024 дар майдони 13770 гектар картошка кишт шудааст, ки 34,4 фоизи нақшаи иҷроро ташкил медиҳад. 

Аз он дар ВМКБ 47 гектар, вилоятҳои Суғд 4946 гектар, Хатлон 6075 гектар ва НТҶ 2702 гектар кишт гузаронида шудааст.

Бунёди боғу токзори нав ва барқароркунии боғу токзорҳои куҳна

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 19.04.2024 ҳамагӣ дар майдони 549 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғ 493 гектар, токзор 35 гектар ва 21 гектар боғҳои интенсивӣ буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1757 гектарро дар бар мегирад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 19.09.2024 шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда 1038 адад ва майдони умумии гармхонаҳо 172 гектар буда, дар майдони 137,7 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 62,5 гектар, бодиринг 29,5 гектар ва дигар сабзавотҳо 46,0 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 1597,7 тонна сабзавот, аз он помидор 600,2 тонна, бодиринг 249,9 тонна ва дигар сабзавотҳо 431,1 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 19.04.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ ба майдони умумии 1893 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 776 гектар, бодиринг 552 гектар ва дигар сабзавотҳо 565 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 281,2 тонна сабзавот, аз он бодиринг 115 тонна ва дигар сабзавотҳо 166,2 тонна мебошад.

Наслгирии чорвои майда дар хоҷагиҳоиҷамоавӣвадеҳқонииҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 413435 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 19.04.2024 255135 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14011 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 35 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: 2-35-39-23