Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоШиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зисти шаҳри Пистояи Италия 24.04.2024

Шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зисти шаҳри Пистояи Италия 24.04.2024

25.04.2024 391

24 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист ба шаҳри Пистояи Италия ташриф оварданд.
Шаҳри Пистоя дар вилояти Флоренсия ва минтақаи Тосканаи Италия, яъне дар яке аз қисматҳои марказии кишвар қарор дошта, бо таҷрибаи пешқадаму омӯхтанӣ дар ниҳолпарварӣ, ҷангалофарӣ, сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз якчанд парваришгоҳҳои ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда ва сояафкану ороишӣ, аз ҷумла хеле зебову нодир дидан карда, бо тарзи шинондан, қаламчагирӣ, парвариш, роҳҳои муосири обу ғизодиҳӣ ва тобоварсозии онҳо ба бемориҳо ва ҳашароти зарарасон ва ба хусус мутобиқати онҳо ба иқлими Тоҷикистон шинос шуданд. Зимнан ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон, ки дар ин боздид ҳузур доштанд, барои омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаҳои пешқадами ниҳолпарварон ва экологҳои италиявӣ супоришу маслиҳатҳои муфид доданд.
Тавре таъкид гардид, воридсозии ин ва дигар таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ барои сабзгардонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон ва тобовар намудани табиати кишвар ба тағйирёбӣ ва гармшавии босуръати иқлими сайёра басо муҳиму зарур аст.
Иттилоъ дода шуд, ҳамкорӣ дар ин самт миёни ниҳолпарварону боғдорони тоҷику италиявӣ чанд сол боз ба роҳ монда шудааст ва аллакай самараи назаррас оварда истодааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки чунин ҳамкорӣ дар шароити кунунии гармшавии ҷаҳонии иқлим бояд ба маротиб густариш дода шавад.