Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоГузориши матбуотӣ ба санаи 30.04.2024

Гузориши матбуотӣ ба санаи 30.04.2024

30.04.2024 318

“Рафти кишти баҳорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 440727 гектар кишти баҳории зироатҳо банақша гирифта шуда, ба ҳолати 29.04.2024 дар майдони 352365,3 гектар иҷро карда шудаст, ки  дар майдони 88712 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 181886 гектар зироатҳои техникӣ, аз он пахта 164501 гектар, 17161 гектар зироатҳои равғандеҳ, 13412 гектар полизӣ, 18187 гектар кишти картошка, 31644 гектар сабзавот, аз он пиёз 16333 гектар, сабзӣ 4118 гектар, карам 1412 гектар, помидор 3811 гектар, бодиринг 2262 гектар ва 3710 гектар дигар сабзавотҳо ва зироатҳои хӯроки чорво 18524 гектарро ташкил медиҳад.

Кишти пахта

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти пахта 186000 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 29.04.2024 дар майдони 164501 гектар пахта кишт шудааст, ки 88,4 фоизи нақшаи иҷроро ташкил медиҳад. 

Аз он дар вилоятҳои Суғд 55913 гектар, Хатлон 107675 гектар ва НТҶ 913 гектар кишт гузаронида шудааст.

Кишти картошка

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ дурнамои кишти картошка дар хоҷагиҳоиҷамоавӣвадеҳқонииҷумҳурӣ 40070 гектар буда, мувофиқи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳолати 29.04.2024 дар майдони 18187 гектар картошка кишт шудааст, ки 45,4 фоизи нақшаи иҷроро ташкил медиҳад. 

Аз он дар ВМКБ 158 гектар, вилоятҳои Суғд 8592 гектар, Хатлон 6115 гектар ва НТҶ 3322 гектар кишт гузаронида шудааст.

Бунёди боғу токзори нав ва барқароркунии боғу токзорҳои куҳна

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 26.04.2024 ҳамагӣ дар майдони 575 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки боғ 519 гектар, токзор 35 гектар ва 21 гектар боғҳои интенсивӣ буда, барқароркунии боғу токзори куҳна 1788 гектарро дар бар мегирад.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.09.2024 шумораи гармхонаҳои доимамалкунанда 1038 адад ва майдони умумии гармхонаҳо 172 гектар буда, дар майдони 137,7 гектар кишт гузаронида шудааст, ки аз он помидор 62,5 гектар, бодиринг 29,1 гектар ва дигар сабзавотҳо 46,0 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 1692,3 тонна сабзавот, аз он помидор 617,9 тонна, бодиринг 279,6 тонна ва дигар сабзавотҳо 794,8 тонна мебошад.

Фаъолияти гармхонаҳои мавсимӣ.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 26.04.2024 дар гармхонаҳои мавсимӣ ба майдони умумии 1893 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки аз он помидор 776 гектар, бодиринг 552 гектар ва дигар сабзавотҳо 565 гектарро ташкил медиҳад.

Аз майдони умумии киштшуда ба миқдори 2992,6 тонна сабзавот, аз он бодиринг 870 тонна ва дигар сабзавотҳо 2122,6 тонна мебошад.

Наслгирии чорвои майда дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ тибқи дурнамо 413435 сар барраю бузғола насл гирифта шавад. Ба ҳолати 26.04.2024 388265 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 35594 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 87\ сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бомаром идома дорад.

Маркази матбуот ва иттилооти

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тел: 2-35-39-23